Соли равон миёни Душанбе ва Чимкент хатсайри ҳавоӣ боз мегардад
ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қазоқистон реҷаи «осмони боз»-ро барои 5 сол тамдид кард. Дар он ҷо хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монда мешаванд. Дар давраи баҳор-тобистони навигатсионӣ аз Остона ба Давҳа, аз Оқтой ва Чимкент ба Анқара, аз Алмаато ва Оқтой ба Мадина, аз Остона ба Боку ва аз Чимкент ба Душанбе парвозҳо роҳандозӣ мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» иттилоъ медиҳад.
Бо мақсади амалӣ намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва зиёд намудани шумораи парвозҳои байналмилалӣ Кумитаи авиатсияи граждании Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон реҷаи «осмони боз»-ро то охири соли 2027 тамдид кард, хабар медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти идора.
Реҷаи мазкур аз байн бардоштани тамоми маҳдудиятро аз рӯи шумори парвозҳо ва додани дараҷаи панҷуми «фазои озод» ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар хатсайрҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон кор намекунанд, пешбинӣ мекунад.
Аз Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд, ки имрӯз Қазоқистон парвозҳои байналмилалиро ба 29 кишвари ҷаҳон дар 109 хатсайр барқарор ва боз кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло ҳавопаймоҳои Тоҷикистон пайваста ба Россия, Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон парвоз мекунанд. Қарор аст парвозҳои мунтазам бо Озарбойҷон, Гурҷистон ва Олмон ба роҳ мона шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






