ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 январ, ҷумъа, 27-умин рӯзи соли 2023 аст

Январь 27, 2023 08:00

27 январи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва  Президенти  Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба муносибати бист солагии  барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон  табодули  барқияҳои шодбошӣ  намуданд.

***

27 январи соли 2017  Дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

27 январи соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Тоҷикистон тағйири ном кард.

 27 ЯНВАР:

Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни Ҳолокост.

РӮЙДОДҲО:

27 январи соли 1993  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

***

27 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Федератсияи  Русия  оид ба ҳамкории  иқтисодӣ  баргузор гардид.

***

27 январи соли 1935 дар бозии ниҳоии чемпионати Америкаи Ҷанубӣ оид ба футбол дастаи Уругвай дастаи Аргентинаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1916 Манитоба аввалин музофоти Канада шуд, ки дар он ба занҳо ҳуқуқи интихоб дода шуд.

 ***

Соли 1948  дар Америка аввалин магнитофони  ширкати «Wire Recording Corporation of America»  ба фурӯш бароварда шуд, ки 149,5 доллар арзиш дошт.

Январь 27, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш