Ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ҳамчун кумак 5 ҳазор тонна мазут ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими супоридани кумаки Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 ҳазор тонна мазут баргузор шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар маросими супоридани кумак Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов, Директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар намояндагони масъул иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов иброз дошт, ки «ёрии башардӯстона- ин саҳм гузоштан дар таъмини амнияти энергетикӣ, нишони бародарӣ ва эҳтироми мутақобила буда, хоси муносибатҳои дӯстонаи Қазоқистону Тоҷикистон мебошад».
Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бинобар сард омадани зимистони имсола ва кори муътадили иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки кумаки башардӯстона ба маблағи 1,8 млн доллар расонида шавад.

Нурмаҳмад Аҳмадзода муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро судманд арзёбӣ намуда, гуфт, ки ба равобити ду давлат, ки бар асоси анъанаҳои устувори таърихӣ бунёд ёфтаанд, рӯҳияи дӯстии мустаҳкам ва эҳтироми мутақобила хос мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки расонидани кумакҳои башардӯстона мутақобила буда, дар асоси принсипҳои дастгирии мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек анҷом дода мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид






