Бар асари заминларза дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заманларзаи шадид дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ин ҳодисаро пайгирӣ доранд.
Тавре қаблан хабар додем, дар ҷанубу шарқи Туркия бар асари заманларзаи 7,4-балла беш аз 75 нафар ҳалок ва зиёда аз 440 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Таконҳои зеризаминӣ баъди заминларза дар аксар минтақаҳои Туркия, хусусан дар Анқара ба қайд гирифта шуданд.
Заминларза дар минтақаи Пазарҷики музофоти Қаҳрамонмараш дар умқи 7 километр, соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Баъдан таконҳои зеризаминӣ тайи ним соат дар минтақаҳои мухталиф – Одоно, Анқара, Анталия, Газиантеп, Қайсарӣ, Мерсин, Трабзон ва Шанлиурфа ба қайд гирифта шуданд.
Ба ғайр аз ин, шабакаи Al Arabiya иброз медорад, ки таконҳои зеризаминӣ инчунин дар бархе минтақаҳои Ироқ ва Либия низ ба вуқуъ пайвастаанд.
Зарари ҷиддӣ ба манзилҳои истиқоматӣ дар вилоятҳои Қаҳрамонмараш, Малатия, Шанлиурфа ва Газиантеп ба қайд гирифта шудааст.
АКС: рӯзномаи Türkiye








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






