Бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзила дар Туркия кумаки башардӯстона фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Туркия кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Кумаки башардӯстона аз маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.
Дар баробари ин ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи музофоти гуногуни Ҷумҳурии Туркия либосу пойафзоли зимистона, хайма, кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ҷиҳози хӯрокхӯрӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда мешавад.
Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздик ба 100 тонна мебошад.


Дар баробари ин бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия иборат аз 50 нафар наҷотдиҳандагони ботаҷриба, ҷарроҳ ва духтур — травматолог (шикастабанд) фиристода шуд. Кумак бо дастури фаврии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, шаби 8 феврал тавассути ҳавопаймои махсус бо ҳайати расмӣ ва гурӯҳи наҷотдиҳандагон аз ҷониби сохторҳои дахлдор ба Туркия фиристода шуд.

Дар ин рӯзҳои фалокатбор барои мардуми Ҷумҳурии Туркия ғамхорию дасти кумак дароз намудан ба зарардидагони зилзилаи шадид дар ин давлат аз иқдомоти фаврӣ пешгирифтаи башардӯстонае мебошад, ки дар сиёсати хориҷӣ ва иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми меҳварӣ доранд ва аз талошҳои пайвастаи Роҳбарияти олии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 6 феврал дар музофоти Каҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия заминларза бо шиддати 7,7 балл рух дод. Таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо дар 10 музофоти ин давлат, инчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос карда шуданд.
Ба ҳолати субҳи 9 феврал, теъдоди ҳалокшудагон бар асари зилзила дар ҷанубу шарқи Туркия ба 12 391 нафар ва шумораи зарардидагон ба 62 914 нафар расид.
АКС: АМИТ «Ховар»/Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






