Дар Душанбе ҳамоиши афсарзанону ҷавондухтарони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Роҳи тайкардаи Артиши миллӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат»— таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши афсарзанони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат баргузор карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни ҳамоиш ба 220 нафар фаъолзанони соҳа туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома тақдим карда шуданд.
Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Зимни он аз хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла занону бонувон изҳори сипос карда, ба онҳо дар уҳдадориву масъулияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






