Дар Душанбе нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи фазои иттилоотӣ ва фарҳанги истифодаи интернет баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи фазои иттилоотӣ ва фарҳанги истифодаи интернет»- таҳти чунин унвон дар Душанбе дар доираи баргузории даврҳои омӯзишӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ҳамоиш баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш коршиносони соҳа аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, рӯзномаву маҷаллаҳо, Шӯрои воситаҳои ахбори омма ва созмони ҷамъиятии «Хома» иштирок ва сухан намуданд.
«Ҳадафи ҳамоиш — муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ ва истифода аз имконоти медиа ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешбурди фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад»,-изҳор дошт муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ.
Мавсуф аз саҳми воситаҳои ахбори омма дар ташаккули маърифати ҷомеа изҳори андеша намуд. Гуфта шуд, ки бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими фазои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотии мамлакат меафзояд.


Ба таъкиди Сарвари давлат, «манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳони муосири пуртазод таҳлили фаъолият, шинохти фазои иттилоотӣ, боло бурдани саводи расонаӣ ва тавлиди муҳтавои босифат дар шароити рақобатпазирии шадиди иттилоотӣ ногузир аст.
Дар анҷоми ҳамоиш байни иштирокдорони даври омӯзишӣ ва коршиносони воситаҳои ахбори омма зимни саволу ҷавоби пурмуҳтаво табодули афкор сурат гирифт.
АКС: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






