Дар Фабрикаи маъданҳои каммаҳсули шаҳри Истиқлол корҳои безараргардонӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Фабрикаи маъданҳои каммаҳсули шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд корҳои безараргардонӣ идома доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Иҷрои босифати тадбирҳои беҳсозии вазъи экологӣ дар ин минтақа бо истифода аз 38 техникаю механизм ба анҷом расонда мешавад.
Ба таъкиди масъулон, дар майдони Фабрикаи маъданҳои каммаҳсул, ки 7,9 гектарро ташкил медиҳад, дар марҳилаи охир тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Барои татбиқи саривақтии лоиҳа дар мавзеи наздик ба сохтмон барои кормандон шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои санитарӣ ва беҳдошт, ҷойи шустушӯи техникаю механизм ва зеристгоҳи хурди барқӣ аз ҷумлаи иншоотест, ки ба хотири пешрафти кор бунёд карда шудаанд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи мазкур дар шаҳри Истиқлол то охири соли 2023 пурра татбиқ мегардад ва дар марҳилаи баъдӣ дар чор партовгоҳи дигари ин мавзеъ корҳои безараргардонӣ бо сатҳу сифати баланд иҷро карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»










ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






