Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия мулоқот доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Мушкилоти коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, зеро ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегарданд». Матлаби мазкур зимни вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки мамлакат иттилоъ медиҳад, ки намояндаи Агентӣ доир ба ҷараёни иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030» ва марҳилаи якуми он- солҳои 2021-2025 сухан намуда, гуфт, ки ҳар мақомот бояд дар асоси ин стратегия нақшаи чорабиниҳои солона таҳия ва дар ҳамкорӣ бо Агентӣ амалӣ намояд.
Гуфта шуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб мешавад.
Имрӯз масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он агарчи аз фаъолияти муътадилу мунтазами кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия маҳсуб мешавад, дар роҳи пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ҳама бояд баробар саҳм гузоранд. Зеро самаранокии мубориза бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи ҳамаи намояндагони ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Зимни вохӯрӣ оид ба асосҳои ҳуқуқиву ташкилии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт. Баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо истифода аз маҷмӯи воситаву усулҳои муосир фаъолият намоянд.
Баргузории чунин вохӯриҳо барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






