Дар Тоҷикистон 55 муассиса ба истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ машғул аст

Февраль 22, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Тоҷикистон 55 муассиса ба истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ машғул шуда, 315 номгӯи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба роҳ монданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 корхона ва 26 номгӯй зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 рушди саноати дорусозӣ дар Тоҷикистон махсус таъкид гардида, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуданд, ки бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд.

Яке аз самтҳои муҳимми соҳаи тандурустӣ бахши фарматсевтӣ мебошад. Барои танзими фаъолияти фарматсевтӣ ва муомилоти доруворӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муомилоти доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, соли сипаригардида барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ 258 иҷозатнома дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 адад зиёд мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 156 млн доллари америкоӣ дору ва молҳои тиббӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 25,3 млн доллари америкоӣ зиёд мебошад. Инчунин содироти маводи фаъоли биологӣ дар ин давра 82,26 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 63,25 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти гумрук назорати сифати дорувории воридшаванда ва пешгирӣ кардани воридшавии доруҳои пастсифату муҳлаташон гузаштаро пурзӯр намудаанд.

Соли 2022 аз 154 муассисаи фарматсевтӣ 537 ва аз 231 муассисаи тиббӣ 288 номгӯй дору ва молҳои тиббии ба талабот ҷавобгӯ набуда ва ба таври қочоқ воридшуда ба миқдори 84,1 тонна аз муомилот гирифта, нобуд карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 25,89 тонна кам мебошад.

Тавре қаблан Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Маҳмадшоҳ Гулзод дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои рушд додани фаъолияти таълимиву истеҳсолии фармасевтӣ ислоҳоти системаи таҳсилоти фармасевтӣ гузаронид. Баҳри ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дастгоҳҳои муосири истеҳсолии фармасевтӣ дастрас намуд. Маркази фармасевтии донишгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, навсозӣ карда шудааст. Дар Маркази фармасевтии донишгоҳ 3 кафедраи факултети фармасевтӣ – кафедраи технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия ва ташкили иқтисоди фармасевтӣ, кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ, инчунин Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ҷойгир карда шудаанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки истеҳсоли маводи доруворӣ аз растаниҳои ватанӣ дар шаклҳои гуногун (ҳаб, марҳам, маҷмӯи растаниҳо, шамъча, қиём, ғилофак, маҳлул ва ғайра), коркарди маводи нави доруворӣ, бастани шартнома бо муассисаҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи фарматсияи ватанӣ ва хориҷӣ оид ба воридот ва содироти маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ фаъолияти истеҳсолии Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» -ро ташкил медиҳанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 шумораи парвандаҳои судӣ коҳиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 5803 нафар шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ расонида шуд
Дар ноҳияи Файзобод иншооти соҳаи тандурустӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон доир ба Ваҳдати миллӣ чун рукни асосии ташаккули ҷомеа ва давлат вохӯрӣ баргузор шуд
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 26 маркази тадқиқотии хориҷӣ созишномаҳо ба имзо расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Зиёда аз 57 миллион сомонӣ маблағ ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст
Дар Тоҷикистон содиршавии ҷиноят нисбат ба кӯдакон 30 фоиз зиёд шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори Қатар ва Булғористон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонад
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд
Маблағи грантҳои президентӣ вобаста ба арзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҷудо мегардад
Ҷарроҳони чинӣ наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд