Дастоварди бузурги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мақоми байналмилалӣ гирифтани он аст

Февраль 9, 2023 19:40

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои бузургу чашмраси ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соли 2022- ин бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ табдил додани муассиса ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он мебошад. Дар маҷмӯъ, соли 2022 барои устодону донишҷӯён соли бобарору хотирмон ва пур аз дастовардҳои назаррас дар самти таълим, таълими методӣ, илмӣ–инноватсионӣ, равобити байналмилалӣ ва ташкилӣ–тарбиявӣ буд. Чунин иброз дошт Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба доираи хабарнигорон.

Мавсуф афзуд, ки соли гузашта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии саноату кимиёи шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба тавозуни донишгоҳ гузаронида шуданд. Ин имкон медиҳад, ки кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ омода карда шаванд.

Убайдулло Асрорзода иброз дошт, ки дар ин давра бо қарори Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои «Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ», «Иқтисодиёти соҳибкорӣ» ва Маркетинг» таъсис дода шуд.

Дар доираи ҳамкории донишгоҳ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маркази хизматрасониҳои иттилоотии сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири самти хизматрасонии сайёҳӣ муҷаҳаз гардид. Инчунин дар доираи таҳияи лоиҳаҳои грантӣ ва маблағҳои донишгоҳ заминаи моддию техникии донишгоҳ тақвият дода шуда, ба ҳар се нафар донишҷӯи таҳсили рӯзона 1 компютер рост омада, дар маҷмӯъ шумораи компютерҳои донишгоҳ ба 1104 адад расонида шуд.

Ректори муассисаи мазкур гуфт, ки ҷиҳати таҳкими забондониии омӯзгорону донишҷӯён дар донишгоҳ даврҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо 150 нафар омӯзгор ва қариб 500 донишҷӯ ба забономӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Соли гузашта устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои шаҳрӣ, сатҳи ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд, ки мояи ифтихори донишгоҳ мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2023 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад