Давоми як шабонарӯз дар Тоҷикистон 69 тарма фаромадааст

Февраль 17, 2023 13:37

ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 69 тарма фаромадааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

16 феврал дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 44 маротиба тарма фаромадааст. Ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои «Душанбе — Дарвоз — Хоруғ», «Рӯшон — Хоруғ», «Хоруғ — Ишкошим» маҳдуд карда шудааст.

Дар деҳаи Гожаки Ҷамоати деҳоти Ғарибшои ноҳияи Шуғнон 16 феврал бар асари фаромадани тарма як сокини 16-сола ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро берун оварда, ба наздиконаш супурданд.

Субҳи 17 феврал теъдоди ҳалокшудагони тарма 17 нафар буд: 16 нафар дар ҳудуди Бадахшон ва 1 нафар дар шоҳроҳи Душанбе-Варзоб.

Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 11 маротиба, дар навоҳии Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш 14 маротиба фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Субҳи 17 феврал роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд муваққатан баста шуд. Кори бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ давом дорад. Ҳама ҷузъу томҳои наҷотбахши Кумита бар асари тағйирёбии обу ҳаво, бориши шадид ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ чораҳои мукаммали хизматиро амалӣ мекунанд.

Наҷотдиҳандагони Кумита навбатдории шабонарӯзиро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд идома дода, роҳҳои дигари кӯҳиро назорат мекунанд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ғарби вилояти Бадахшон бар асари бориш ва болоравии ҳарорат то 19 феврал хатари фаромадани тарма, сангрезӣ ва фаромадани сел, инчунин дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ ба вуҷуд омадани яхбандӣ боқӣ мемонад.

Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо эҳтимоли фаромадани туман вуҷуд дорад. Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки аз сафар ба минтақаҳои тармафаро бо мақсади ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва шикор худдорӣ кунанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Февраль 17, 2023 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд