ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН. Никоҳи хешутаборӣ низ сабаби ба ин беморӣ гирифтор шудани хурдсолон мегардад
ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон мебошад. Аввалин маротиба соли 2001 бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии саратони кӯдакона (CCI) 15 феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон эълон гардидааст. Тибқи ҳисобҳои Ташкилоти умумиҷаҳони тандурустӣ, ҳамасола беш аз 400 ҳазор нафар кӯдак ва наврасони то 20-сола гирифтори бемории саратон мешаванд. Дар ҳамин ҳол ҳамасола тақрибан 100 ҳазор нафар кӯдак аз ин беморӣ дар ҷаҳон мефавтанд.
«Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар кӯдакони навзод ва то 18 –солаи гирифтори бемори саратон ба қайд гирифта шудаанд. Омилҳои гирифтор шудани кӯдакон ба бемории саратон аз насл ба насл гузаштани он, дар вақти ҳомиладорӣ ба бемориҳои гуногун ва вирусӣ гирифтор шудани модарон ва дигар сабабҳо шуда метавонанд»,- гуфт мудири шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳира Умарова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи мавсуф, инчунин дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ низ бештари кӯдакон бо бемории саратон таваллуд мешаванд. Ҳар сеюмин беморе, ки ба шуъбаи саратоншиносии кӯдакона муроҷиат менамояд, падару модари онҳо дорои никоҳи хешутаборӣ мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити табобат фароҳам оварда шуда, инчунин утоқи махсус барои бозии кӯдакон омода гардидааст. Ҳамчунин ин кӯдакон аз муоинаи пурра мегузаранд, яъне онҳо тариқи ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимиёвӣ ё нурӣ табобат карда мешаванд.
«Кӯдакони гирифтори бемории саратон ба таври тӯлонӣ табобат карда мешаванд, аз ҳамин сабаб мо кӯшиш мекунем, ки барои онҳо тамоми шароитро муҳайё созем. Барои мактаббачагон дар шуъба дарсҳои мактабӣ таълим дода мешаванд, то онҳо ҳангоми муолиҷа аз дарсҳо қафо намонанд. Инчунин дар шуъба духтури равоншинос фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза бо волидон ва кӯдакон кор мебарад. Шурӯъ аз соли 2009 Бунёди хайриявии «Лона» шуъбаро парасторӣ намуда, маводи дорувориро ба таври ройгон дастрас менамояд», — гуфт Моҳира Умарова.
«Бояд гуфт, ки ҳангоми сари вақт ба духтур муроҷиат намудани бемор фоизнокии сиҳатшавии беморӣ дар дараҷаи якум ва дуюм зиёдтар мегардад. Зеро бештари беморон танҳо дар дараҷаи сеюм ва чорум ба мутахассис муроҷиат мекунанд»,- таъкид кард номбурда.
Ба гуфтаи мутахассисон, нишонаҳои асосии саратон пайдошавии омосҳо, беҳолӣ, надоштани иштиҳо, баландшавии ҳарорати бадан то 37,6 дараҷа ва аз ин зиёд мебошад. Дар ҳолати пайдо шудани омосҳо дар бадани кӯдак волидайн ва табибони оилавӣ метавонанд онро муайян кунанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






