Маркази миллии тестӣ: соли 2022 тиб, биология ва варзиш аз серинтихобтарин самтҳо байни довталабон гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар байни гурӯҳи ихтисосҳо кластери 5 (тиб, биология ва варзиш) соли 2022 аз серинтихобтарин самт миёни довталабон гардид. Дар ин хусус Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф изҳор дошт, ки байни 5 самте, ки аз ҷониби Марказ ба довталабон пешниҳод карда шуданд, кластери 5 серинтихобтарин шуморида шуда, нақшаи иҷрои он ба 121% баробар гардид. Тибқи ин нишондиҳанда, соли сипаригардида дар ҷои дувум гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) бо 100%-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дошт.
Таъкид гардид, ки дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2022-юм шумораи камтарини довталабони номнависшуда чун дар ИМД-и солҳои пеш ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ҳамагӣ ба 49,69% -и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст.
Ба гуфтаи Сабзалӣ Ҷаъфарзода, «холи миёнаи довталабон аз фанҳои дақиқ чандон баланд нест. Дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) соли дуюм аст, ки аз ҷониби Марказ беҳтарин довталабон, ки аз фанҳои мазкур холҳои бештар ба даст меоранд, қадрдонӣ карда мешаванд».
Номбурда иттилоъ дод, ки соли 2023 аз ҷониби Марказ нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки доимамалкунанда ва сайёр мебошанд, зиёд карда шуда, шумораи 34 нуқтае, ки дар ноҳияҳо мавҷуданд, ба 44 адад расонида мешаванд.
Ҳамзамон дар назар аст, ки соли равон дар ноҳияҳои Ёвон ва Исфара марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шаванд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






