НАҚШИ ЗАНОН ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳои муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода дар ин мавзуъ

Февраль 22, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давраи соҳибистиқлолӣ  ба  неруи занону духтарон  ҳамчун қишри асосии ҷомеа такя намуда, масъалаи тақвияти саҳми онҳоро  дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд,  фаъолу ташаббускор ва ҷалби онҳо ба фаъолият дар ташкилот ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла таъйин ба мансабҳои роҳбарикунанда  дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлатӣ  қарор додаанд. Чунин таъкид менамояд  муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода дар мақолаи худ  доир ба  нақши занон дар хизмати давлатӣ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Рушди соҳаи хизмати давлатӣ, мукаммалгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи муваффақонаи ислоҳот сабаби ташкили  хизмати давлатии муосири касбӣ дар Тоҷикистон гардид.

Дар шинохти хизмати давлатии муосири Тоҷикистон нақши давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят  бузург буда, ҳанӯз 22 апрели соли 2002 дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили хизмати давлатӣ  ва нақши мақоми ваколатдори онро дар идоракунии давлатӣ ва  танзими сохтори идораи давлатӣ муҳим арзёбӣ гардидааст.

Мавриди тазаккур аст, ки демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву соҳибихтиёр будани давлат, устувории пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ ва меъёри ҳуқуқии муайяннамудаи Конститутсия ҳуқуқи баробари иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хизмати давлатӣ кафолат додааст, ки имрӯз занон низ дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хизмати давлатӣ, илму маориф, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат низ софдилонаву содиқона хизмат мекунанд.

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила махсус ҷой додаанд. Ҳамзамон пайваста иброз менамоянд, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамояд».

Дар партави ин сиёсати созанда бо мақсади тақвият бахшидани иштироки бонувон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ силсилатадбирҳои муассир роҳандозӣ гардиданд. Вобаста ба иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, аз ҷумла ҷалби занон ба хизмати давлатӣ бо назардошти мақому мартабаи шоистаи бонувон, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии занон ва ихтиёр доштани роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар марҳилаҳои ҳассос ва оғози даврони соҳибистиқлолӣ санадҳои муҳим қабул ва то ба имрӯз вобаста ба талаботи замон ва имконияти мавҷуда такмил дода шуда, самаранок татбиқ гардида истодаанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ниҳоят санади муҳим буда, тибқи он стандартҳои ақалли иштироки занон дар идоракунии давлатӣ муқаррар гардидааст ва  барои таҳкими сиёсати гендерӣ дар ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда заминаи устувор гузоштааст.

Бо мақсади иҷрои фармони мазкур мақомоти давлатӣ ва худидоракунӣ масъалаи ба ҳайати роҳбарикунанда, аз ҷумла дар вазифаи яке аз муовинони роҳбари мақомоти давлатӣ ва ҷамоатҳо таъйин  ва ё интихоб намудани занонро  роҳандозӣ ва тақвият бахшиданд.

Бо мақсади ноил  шудан  ба  баробарҳуқуқии  воқеии мардон ва занон ва бартараф намудани монеаҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва афкори умум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва  имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005  қабул гардид, ки масъалаҳои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии ҳуқуқу имконияти мардону занонро ба танзим медарорад.

Минбаъд ҳам дар ин самт қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд», «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои давраҳои миёнамуҳлат ба тасвиб расиданд, ки ҳамагӣ ба иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд.

Занону духтарон тавре, ки таъкид карда шуд ҳамеша дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Президенти Тоҷикистон қарор дошта, маҳз бо таваҷҷуҳи доимӣ ва шароити мусоиди худташаккулёбии фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, такя ба таҳкими меъёрҳои демократӣ дар баробари равшангари рӯзгору чароғи хонадон, тарбиятгари фарзанд ва насли ҷавон, ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ буданашон имрӯз ҳамчун ходими давлатию ҷамъиятӣ фаъолият доранд ва  чеҳраи сиёсии занон дар ҷомеа беш аз пеш тобнок гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки ба масъалаи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста  таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Мувофиқи таҳлили омории соҳаи хизмати давлатӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18 549 нафар буда, аз ин шумора 4503 нафар занон мебошанд.

Аз ин шумора дар мансабҳои роҳбарикунанда 1115 нафар буда, вобаста ба категорияи низоми хизмати давлатӣ дар мансабҳои сиёсӣ 13 нафар, мансабҳои олӣ 87 нафар, категорияи якум 67 нафар, категория дуюм 115 нафар, категорияи сеюм 583 нафар, категорияи чорум 362 нафар, категорияи панҷум 1115 нафар, категорияи шашум 1227 нафар ва категорияи ҳафтум 934 нафар занон дар мақомоти давлатӣ фаъолияти назаррас доранд.

Дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 11 870  нафар, аз ҷумла, 2858 нафар  занон фаъолият дошта, аз 3269 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 543 нафар  занони роҳбар мебошанд.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ теъдоди хизматчиёни давлатӣ 3563 нафар, аз ҷумла, 1039 нафар занон буда, ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1446  нафар, аз ҷумла, 316 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Теъдоди хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  3116  нафар, аз ҷумла, 606  нафарро занон ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1128 нафар аз ҷумла, 256 нафар занон фаъолият доранд.

Масъалаи фаъолияти занон дар соҳаи хизмати давлатӣ пайваста зери назару таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, иҷрои босифат ва дарёфти механизҳои татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои давраи миёнамуҳлат самти афзалиятноки фаъолияти сохторҳои калидии давлатӣ буда, пайваста чораҷӯӣ карда мешаванд.

Дар робита ба ҷалб ва зиёд намудани сафи занон дар низоми хизмати давлатӣ дар шароити имрӯза зарурати зоҳир намудани таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи сатҳу сифати идоракунии давлатӣ, ки бевосита аз донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносиву ташаббускорӣ ва сифатҳои касбиву кордонии хизматчиёни давлатӣ вобаста мебошад, ҷой дорад. Зеро хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ аз сатҳи омодабошии кадрҳо вобастагии амиқ дорад.

Дар ин самт низ Ҳукумати ҷумҳурӣ дурбинона муносибат намуда, таҳсили хизматчиёни давлатиро дар дохил ва хориҷи мамлакат, ташкили машғулияти кӯтоҳмуддати омӯзиширо дар шакли азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ тибқи фармоиши давлатӣ вобаста ба эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ пешбинӣ намуда, таҳсили бонизоми хизматчиёни давлатиро ба низоми муайян ворид намудааст.

Танҳо соли 2022 дар заминаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори соҳа- Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 машғулияти омӯзишӣ ва такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ бо фарогирии 605 нафар хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби бонувон (155 нафар аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, 450 нафар мақомоти маҳалллии ҳокимияти давлатӣ ва 50 нафар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот) бо  мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии занҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ, мусоидат намудан дар болоравии маҳорату малакаи касбӣ ва донишҳои ҳуқуқии занон, тарбияи ахлоқӣ ва ватанпарастии онҳо ва ба ин васила тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон барои мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкил намуд.

Дар баробари фаъолияти босамар дар низоми мақоми давлатӣ, ҳокимияти конститутсионӣ имкон додааст, ки занон дар таҳия, қабул ва татбиқи қонунҳои ба талаботи замон мутобиқ низ фаъолона иштирок намоянд.

Фаъолияти босамари занону духтарон дар сиёсат шаҳодати таваҷҷуҳи пайваста,  пуштибонии қавӣ, эътимоди комил, такя ва боварии амиқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити арзандаи иҷтимоиро барои ҳар шаҳрванди мамлакат ва имконияти бештару  беҳтарро барои иштироки бонувон дар сиёсат фароҳам овардаанд, ки зиёд гардидани сафи занон дар сиёсат ва муаррифи миллату давлат  дар арсаи байналмилалӣ гардидани онҳо шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад.

Дилноза АҲМАДЗОДА,
муовини Директори Агентии
хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид