Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланди давлатҳои Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22-24 феврал дар шаҳри Рими Италия Конфронси сатҳи баланди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об» доир шуд, ки дар кори он намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мазкур хабар доданд.
Дар доираи конфронси мулоқоту суҳбатҳо ва ҳамоишҳо баргузор гардиданд.
Намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҷумҳуриро оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Платформаи Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ, аз ҷумла стратегияву барномаҳои соҳавии давлат, инчунин андешидани тадбирҳои фавриву муосир бо мақсади пешгирӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолии ҷаҳон, маблағгузории нокифоя, идораи захираҳои об ва ғайра дар минтақа муаррифӣ намуд.
Гуфта шуд, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун василаи ҳалли мушкилоти глобалӣ барои андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамчунин аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, барои густариши ҳамкории минбаъда ва пешгирӣ аз пайомадҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ муфид ва зарурӣ шуморида шуд.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ








Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд






