Раиси ҶСК «Барқи тоҷик»: «Азнавпайвастшавии Тоҷикистон ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад»

Февраль 13, 2023 15:01

ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Азнавпайвастшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ амалӣ шуда истодааст. Гузаштан ба ин низом эътимоднокии кори энергетикии ин ё он давлатро беҳ хоҳад сохт. Чунин иброз дошт Раиси ҶСК «Барқи тоҷик» Маҳмадумар Асозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи мавсуф, дар айни замон низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудогона фаъолият дошта, баъзе аз минтақаҳои низоми энергетикии ин ё он ҷониб ба низоми энергетикии дигар пайваст шудаанд, ки ин минтақаи сарбаст мебошад.

«Дар айни замон аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ лоиҳа оид ба азнавпайвастшавӣ амалӣ шуда истодааст. Албатта, аз нав пайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ аз манфиат холӣ нест. Зеро ба мо имконият медиҳад, ки дар фасли тобистон ҳарчӣ бештар содироти неруи барқро ба роҳ монда, амалӣ созем. Ва ин аз ҷониби дигар эътимоднокии истифодаи низоми энергетикиро таъмин менамояд»,-афзуд Маҳмадумар Асозода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 млрд 293 млн кВт. соатро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 367,7 млн кВт. соат зиёдтар аст.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2023 Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи тоҷик» ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Барқи тоҷик» тағйири ном кард.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2023 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сардори Хадамоти алоқа дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
Масъалаи таъсиси Маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» баррасӣ шуд
Дар Душанбе марҳилаи дуюми ҳакатони минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид
Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҷаласа оид ба хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ дар Бишкек иштирок намуданд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 32 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи «MAZU» тақвият меёбад
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид