Ширкати МегаФон Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи бомиқёси омӯзиши технологияҳои рақамии молиявиро оғоз кард

Февраль 24, 2023 12:34

ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон лоиҳаи бомиқёси омӯзишӣ оғоз ёфт, ки зимни он шаҳрвандони ҷумҳурӣ технологияҳои рақамии молиявиро меомӯзанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати МегаФон Тоҷикистон хабар доданд.

Доир ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ-техникӣ коршиносони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ маълумот медиҳанд. Ба ҳайси ташаббускори лоиҳа аввалин оператори имконияти нави рақамӣ баромад менамояд.

Технологияҳои молиявӣ ё худ хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ – самти ояндадорест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона инкишоф меёбад. Хизматрасониҳои молиявӣ-техникии рақамӣ на танҳо хизматрасониҳои анъанавии бонкҳо ва дигар ташкилоти молиявиро муваффақона пурра менамоянд, балки аллакай онҳоро иваз карда истодаанд. Сокинони мамлакат маблағи молу хизматрасониҳоро бо ёрии QR-рамзҳо, ҳамёнҳою замимаҳои мобилӣ пардохт мекунанд, ба ҳамин восита интиқолҳои пулиро низ анҷом медиҳанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло на ҳама дар бораи ҷиҳатҳои мусбати хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ маълумот доранд. Баҳри бартарафсозии маҳз ин камбудӣ тренингҳои махсусе пешбинӣ карда шуданд, ки дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Гузаронидани машғулияти омӯзишӣ дар Душанбе, Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор, Панҷакент, Турсунзода, Хоруғ, Хуҷанд ва инчунин дар дигар ноҳияҳои Тоҷикистон ба нақшаи ташкилкунандагон дохил гардидааст. Мавзӯи асосии тренингҳо — шиносоӣ бо технологияҳои ҷаҳонии молиявӣ ва хизматрасониҳои мушаххаси молиявӣ-техникиест, ки ба ҳалли масоили ҳаррӯзаи корӣ ё маишӣ дар ҷумҳуриамон мусоидат мекунанд.

Нахуст дар тренинг меҳмонони «Русское пространство» дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар назди онҳо Андрей Яркин – мутахассиси касбии молиявии сатҳи баланд бо таҷрибаи корӣ дар ширкатҳои бузургтарини Русия ва Тоҷикистон ва дар айни замон директори молиявии МегаФон Тоҷикистон сухан гуфт. Якчанд хизматрасониҳои молиявӣ-техникии оператор маҳз бо иштироки ӯ таҳия карда шудаанд.

Андрей Яркин гуфт, ки «имрӯз нишон додам, ки кадом хизматрасониҳои рақамиро метавон барои ҳалли вазифаҳои молиявии худ ҳамагӣ бо якчанд пахш истифода намуд. Истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ бисёр мувофиқ буда, вақти хеле камро мегирад. Зарур нест, ки идораҳои бонкҳо, терминалҳои пардохтӣ ё банкоматҳоро ҷустуҷӯ намоед, барои чунин мақсадҳо танҳо смартфоне, ки ҳамеша бо шумост, кифоя аст. Мутмаинам, ки дар ҳар тренинг иштирокчиён маълумоти нав ба нав ба даст оварда, барои худ олами хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ кашф менамоянд».

Иштирокчии тренинги якум Аниса Умарова мегӯяд, ки «вақте фаҳмидам, ки дар ҷумҳурии мо хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ пайваста тараққӣ мекунанд, хеле шод шудам. Иштироки ман бесабаб набуд. Ман ҳар моҳ ҳангоми пардохти маблағи Хоҷагии манзилию коммуналӣ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавам. Гоҳе фурсат намеёбам, ки рафта, маблағро пардохт кунам, баъзан маблағи нақд надорам. Ва вақте нозир ба хонаам меояд, аз ваъда додани он ки пагоҳ аниқ месупорам, хиҷолат мешавам. Акнун ман мефаҳмам, ки тамоми ин муддат ман тавассути смартфон маблағи барқ, об ва бисёр хизматрасониҳои дигарро пардохт карда метавонистам. Инчунин метавон пардохти автоматиро танзим намуд, ки бо он ман метавонам умуман хавотир нашавам, ки чизеро фаромӯш мекунам ё вақтро аз даст медиҳам. Хеле хуб, ки мо масъалаҳои молиявии худро метавонем дар хона ё ҷойи кор ҳамагӣ дар як ё ду дақиқа ҳал намоем».

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Февраль 24, 2023 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ҷалби сармояи Индонезия ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад