СММ бори дигар аз роҳбарони нави Афғонистон даъват ба амал овард, ки донишгоҳҳо ва мактабҳоро барои таҳсили занону духтарон боз намоянд

Февраль 22, 2023 18:51

ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ССМ оид ба мусоидат дар Афғонистон як моҳ қабл аз оғози соли таҳсил дар Афғонистон бори дигар аз роҳбарияти нави ин мамлакат даъват ба амал овард, ки манъи таҳсили занону духтарон лағв карда шавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.

Дар охири моҳи январ маълум гардид, ки Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққатӣ ба донишгоҳҳои Афғонистон номаҳо равон карда, то огоҳкунии минбаъда сабти номи занонро барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ дар соли 2023 манъ кардааст.

Моҳи декабри соли гузашта таҳсил барои духтарон дар донишгоҳҳои Афғонистон манъ карда шуд, дар донишгоҳҳо ҳузури занон, аз ҷумла ҳайати профессорону омӯзгорон манъ гардида, дастур дода шуд, ки занон аз кор дар ҳама ташкилоти ғайриҳукуматии миллӣ ва байналмилалӣ маҳрум карда шаванд. Ин қарорҳо мавҷи интиқодро аз ҷониби якчанд давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ба вуҷуд оварданд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 22, 2023 18:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!