Соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши назаррас дорад

Февраль 18, 2023 18:38

ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзии мамлакат беҳтар мегардад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2022 дар майдонӣ 858,4 ҳазор гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд, ки 181,5 ҳазор гектарро пахта, 56,1 ҳазор гектарро картошка, 19,4 ҳазор гектарро пиёз ва 8,9 ҳазор гектарро сабзӣ ташкил менамояд.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, тибқи дурнамо картошка барои соли соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ дар майдони 40 000 гектар кишт мегардад, ки аз он 6613 гектарашро кишти барвақтӣ ташкил медиҳад.

Тавре муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода зимни баргузории Фестивали картошка 26 январи соли 2022 дар шаҳри Душанбе иброз дошт, «Тоҷикистон то соли 2020 1 млн тонна картошка истеҳсол мекард. Ин рақам соли 2021 ба 1 млн 20 ҳазор тонна расид. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол истеҳсоли картошка ба 1 млн 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Инчунин соли 2022 кишоварзони мамлакат бозори истеъмолиро бо картошкаи ватанӣ таъмин намуданд».

Кишоварзони тоҷик ният доранд, ки соли равон ҳосили картошкаро то 40 дарсад афзоиш диҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки картошка дар ҷаҳон ҳамчун нони дуюм эътироф гардидааст. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мамлакати аз ҳама зиёд картошкапарвар аст. Соли гузашта ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон 1 миллиону 60 ҳазор тоннаро ташкил дод. Имсол ҳосили он 1 миллиону 108 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи ҳисоб, масалан агар ҳар сокини ҷумҳурӣ соле ба ҳисоби миёна 130 килограмм картошка истеъмол кунад, пас дар як сол қариб 1,3 миллион тонна маҳсулот зарур аст. Ҳарчанд меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 кг аст. Яъне барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардан зарур аст. Яъне худи ҷумҳурӣ аҳолиро бо картошка таъмин карда метавонад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 18, 2023 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд