Соли 2022 ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ беш аз 7,3 миллиард сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон 15 феврал дар бораи аз нақша барзиёд ҷамъоварӣ намудани пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2022 иттилоъ дод.
Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат Азим Турсунзода дар Душанбе дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2022 ба ҷои 6 миллиарду 464 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукии пешбинишуда беш аз 7,3 миллиард сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин ба 114,03 фоизи нақша баробар буда, 907 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Азим Турсунзода афзуд, ки иҷрои нақша аз рӯи намуди пардохтҳои гумрукӣ — воридоти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 113,7 фоиз ё 672,1 миллион сомонӣ зиёд, боҷи гумрукӣ 110,7 фоиз ё 84,8 миллион сомонӣ, боҷи содиротӣ 182,0 фоиз ё 98,0 млн сомонӣ, андози аксизӣ 112,2 фоиз ё 63,8 миллион сомонӣ ва воридоти ғайриандозӣ ба андозаи 120,9 фоиз ё 27,1 миллион сомонӣ зиёд таъмин карда шуд.
Гуфта шуд, ки омили асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ- ин амалӣ намудани тадбирҳои иловагии такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ, аз қабили дуруст муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тақвияти фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии мол, назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти назоратии давлатӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Инчунин ҷорӣ намудан ва истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумот дар шакли электронӣ, бо низоми ғайринақдӣ ва электронӣ пардохт намудани боҷҳои гумрукию андозҳо, таъсиси низоми Равзанаи ягона ва мукаммалгардонии идораи таваккал дар Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамот ба иҷрои босифат ва барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мусоидат намуд.
Таъкид шуд, ки дар амал татбиқ намудани ин тадбирҳо раванди вобастагии барасмиятдарории гумрукӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро аз омилҳои инсонӣ коҳиш дода, фаъолият дар ин самт ба таври системавӣ тариқи технологияҳои муосир ба роҳ монда шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид






