Соли гузашта дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ 6 корхонаи нав ба истифода дода шуданд

Февраль 17, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон 6 коргоҳи нав ва корхонаҳои саноатӣ — «Илҳоми Илҳомиддин», «Ғолибҷон Холов», «Фирӯза», «Исматулло», «Каримов Тоҳир» ва «Муҳаммадҷони А» таъсис дода шуданд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ иттилоъ дода шуд.

«Соли сипаришуда дар ноҳия 33 корхонаи саноатӣ фаъолият кард, ки онҳо маҳсулотро асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол намуданд. Ин корхонаҳо соли 2022 дар ҳаҷми 252 миллиону 769, 8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 53 миллиону 792 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 125, 8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад», — гуфта шуд дар нишаст.

Корхонаҳои саноатии ноҳия 341 ҳазору 722 тонна семент, 2343,3 тонна маҳсулоти нонӣ, 608,4 ҳазор дона хиштҳои сементӣ, 2633,7 тонна нахи пахта ва 5917,5 тонна орд истеҳсол намудаанд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки соли гузашта дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ як миллиарду 429 миллиону 157 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 39 миллиону 366,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки афзоиши он 102, 8 фоизро ташкил медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд