15 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Дар Тоҷикистон 65 озмоишгоҳи таъминоти бехатарии озуқаворӣ фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо масъулини Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар тамоми бозорҳои истеъмолӣ ва нуқтаҳои бузурги фурӯши маҳсулоти озуқавории ҷумҳурӣ 65 озмоишгоҳи таъминоти бехатарии озуқаворӣ, Маркази миллӣ ва 22 маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият дошта, тамоми маҳсулот баъди назарсанҷӣ барои истифода ва истеъмол иҷозат дода мешавад.
Соли 2022 аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 1 095 424 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуд, ки аз ин 62 478 кг маҳсулоти гӯштӣ, 11 278 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1650 литр равғани растанӣ, 31782 дона тухми паранда, 855 кг моҳӣ, 607 кг асал, 4691 кг маҳсулоти намакин, 6101 кг меваи хушк, 123081 кг меваю сабзавот ва 16482 кг маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян гардида, аз фурӯш боздошта ва нобуд карда шуд.
Баҳри муайян намудани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ дар ин давра нисбат ба бемории буғумдард дар байни 650 ҳазору 510 сар чорвои калони шохдор санҷиш гузаронида, 625 сар чорвои мубталои беморӣ муайян карда шуд. Тибқи дастурамали мубориза бар зидди бемории брутселлёз ин чорво забҳ гардид.
Ҳамзамон баҳри пешгирии ҳолатҳои ба ҷумҳурӣ ворид намудани маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва нақлиёт нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ назорат мебаранд.
Дар сурати муайян намудани қонунвайронкунӣ ҳангоми парвариш, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷониби мутахассисони мақомоти бехатарии озукаворӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима баста мешаванд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдоштии аҳолӣ соли 2022 аз ҳисоби мутахассисони корхонаҳои зертобеи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо ҷалби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоат суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои зоонозӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ташхиси маводи таҳти карантинии воридотӣ ва содиротӣ яке аз вазифаҳои асосии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, гузаронидани чунин корҳо ба зиммаи шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ вогузор карда шудааст. Барои муайян намудани ҳолати фитосанитарӣ — карантинии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва дар оянда пешгирӣ намудани ҳудудҳои паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ мувофиқи нақша таҳлилҳо гузаронида шуданд. Ғайр аз ин, анбор, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва захиракунии маводи таҳти карантин низ зери назорати доимии мутахассисон қарор дорад.
Давоми соли 2022 аз хориҷи мамлакат ба ҷумҳурӣ 2 081 тонна тухмии зироат ворид гардида, дар асоси тартиби муқарраргардида аз санҷиши сифати тухмӣ гузаронида шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, самаранокии фаъолият дар самти тайёрии касбӣ бо Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ташкил карда шуд.
Бояд гуфт, ки аз таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сол сипарӣ гардид. Нақши асосии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ- ин таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, пешгирии ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат ва татбиқи чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвонот ва организмҳои зараррасони карантинии растанӣ мебошад.
Дар робита ба Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ буклетҳо бо фарогирии маълумоти марбут ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ омода ва дар бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ паҳн карда шуд.
АКС аз манбаъҳои боз