Ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион бех ниҳол мешинонанд. Барои аз хушкшавӣ эмин доштани онҳо чӣ бояд кард?

Март 6, 2023 10:58

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҷумҳурӣ шинонидани қариб 1,2 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ба нақша гирифта шудааст. То ин муддат қариб 700 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст, ки аз он 250 ҳазору 228 бех сояафкан, 310 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва 51 ҳазору 695 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда мебошад. Дар ин хусус дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳамро Аҳрорзода иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки ҳоло бо фарорасии фасли баҳор маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат босуръат идома дорад ва сохтори марбутаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи нақша дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Минтақаҳои Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ, шароити табиӣ ва иқлим аз ҳамдигар тафовут дошта, дар асоси тавсияву пешниҳоди олимони соҳаи боғпарварӣ дар манотиқи гуногуни мамлакат ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда, ки ба иқлими ҳамон маҳал мутобиқанд, шинонида мешаванд.

Дар иртибот ба ин масъала мудири кафедраи хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зафар Холов иброз дошт, ки дар минтақаи Тоҷикистони Марказӣ тамоми намуди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан, сарв (ҳамешасабз, саври аризонӣ), намудҳои гуногуни санавбар, фотиния, ликвидамбар, намудҳои гуногуни магнолияи бунафш, аз буттагиҳо- шамшод, нормушк, бирючина, гули ёси муқаррарӣ, ёси арабӣ ва дар маҷмуъ тамоми дарахтони ороишию сояафкан парвариш карда мешавад.

«Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат иқлимаш гарму хушк мебошад, хусусан аз ноҳияи Кӯшониён то Панҷи Поён бештар парвариши ниҳоли дарахтони чинор, шумтол, павлония, булут, каталпа, заранг ба мақсад мувофиқ аст. Инчунин дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Муъминобод, ки иқлимашон нисбатан сардтар аст, парвариши ниҳоли дарахтони шоҳбулут, заранг, сафедор ва ғайра афзалият дода мешавад. Дар маҷмуъ, шинонидан ва парвариши ниҳоли дарахтони баргдори сояафкан ба ғайр аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон мувофиқи мақсад аст», мегӯяд Зафар Холов.

Инчунин санавбари элдарӣ, кӯҳӣ, қримӣ, сиёҳ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон месабзад. Дар иқлими минтақаи Бадахшон бештар ниҳоли дарахти пихта, арча, санавбар, туяи шарқӣ хос аст. Дар шимоли мамлакат- вилояти Суғд, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Шаҳристон, Айнӣ ниҳоли дарахтони пихта, арча, санавбар, туяи шарқӣ хуб нашъунамо менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар мавсими ниҳолшинонӣ дар мамлакат беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешавад, ки бархе аз онҳо бар асари номусоидии боду ҳаво, нодуруст шинонидан, об надодан ва нигоҳубину парвариш накардан, инчунин бо дигар омилҳо хушк мешаванд.

Чӣ бояд кард, то ниҳоли дарахтоне, ки бо заҳматҳои зиёд шинонида мешавад, хушк нагардад?

Дар посух ба ин савол мудири кафедраи хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Зафар Холов гуфт, ки «ҳар ниҳоли дарахти ороишию сояафкан ва мевадиҳанда ва гулу буттагиҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат шинонида мешаванд, бояд ба шароити табиӣ, иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҳамон минтақа мутобиқ бошад. Масалан ниҳоли дарахтон ё гулу буттагиҳое мавҷуданд, ки хушкию гармӣ –Офтобро дӯст медоранд ва баръакс, баъзе ниҳоли дарахтон дар иқлими нарму муътадил, намнокии зиёд ва сардӣ хуб нашъунамо менамоянд. Инчунин барои нашъунамои хуби ниҳоли дарахтон аз моддаҳои органикӣ, ки хеле самарабахшанд, бояд оқилона истифода намуд. Ҳамзамон истифодаи усули обмонии қатравӣ беҳтарин усул ва ба манфиат аст, зеро он то 60 фоизи талаботи ниҳолро бо об таъмин менамояд».

Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон афзуд, ки дар ин самт олимони соҳа бо сохторҳои масъули мақомоти марбутаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, хусусан шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон вохӯрию машваратҳо гузаронида, ба онҳо ҷиҳати парвариши ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ, мевадиҳанда ва гулу буттагиҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид пешниҳод менамоянд.

Назар ба андешаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, кандану интиқоли ниҳол аз як минтақа ба минтақаи дигар муҳлат дорад ва дар сабзишу нашъунамои он дар оянда нақши муҳим мебозад. Номбурда гуфт, ки ҳангоми шинонидани ниҳоли дарахтон бояд тарзу усули шинонидан риоя гардад. Дар заминҳое, ки ҳамвор аст таъмини намӣ хуб мебошад.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, агар дарахтони ҳамешасабзи сӯзанбарг, санавбар, сарвиноз, сарв дар талу теппаҳо шинонида шаванд, ҳангоми шинонидан бояд технология риоя гардад. Барои бо об таъмин намудани ниҳолҳо мебояд дар қисмати болоии замини ниҳоли шинонидашуда сурфачаҳо ё хандақчаҳо канем, зеро дар сурфачаҳо оби барфу борон захира гардида, рутубатнокии ниҳоли шинонида таъмин мегардад. Яъне аз нишебӣ оби захирашудаи барфу борон ба поён меравад ва микроиқлими замини ниҳолшинонида таъмин карда шуда, тавассути намии табиӣ сабзиши ниҳолҳо пурра таъмин мегардад. Инчунин барои аз хушкшавӣ наҷот додани ниҳоли дарахтони шинонидашуда бо назардошти тағйироти глобалии иқлим, ки имрӯз сайёраро ба ташвиш овардааст, ниҳоли дарахтонро дар як сол на кам аз чор то ҳафт маротиба бо об бояд таъмин намоем. Инчунин дар мавсими ниҳолшинонӣ қад-қади роҳҳо бояд ниҳолҳое шинонида шаванд, ки шаклашон дарозрӯя буда, ба ҳаракати нақлиёт халал эҷод накунанд ва масофаи он бояд риоя гардад.

Парвариши хуби ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ба мавқеи ҷуғрофии ҳар як минтақа вобаста аст. Масалан дар вилояти Хатлон дарахтони мевадиҳандаи донакдор, зардолу, шафтолу, олу, гелос, бодом, хурмо, анор, писта, дар минтақаҳои кӯҳистони водии Рашт, ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод парвариши дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор, ба мисли себ, нок, дар шароити табиии вилояти Суғд, ки бориш начандон зиёд аст, парвариши дарахтони донакдор, ба мисли зардолу, шафтолу, олу, олуболу афзалият дорад. Дар ноҳияҳои водии Зарафшон- Айнӣ, Панҷакент, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва инчунин Шаҳристон ниҳоли дарахтони тухмакдор- себ, нок, дар Дарвоз меваҳои субтропикӣ, ба мисли анҷир, анор, дар Ванҷ –себ, нок ва дар Рӯшону Шуғнон зардолу, чормағз ва тут хеле хуб парвариш меёбанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 6, 2023 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ шуд
Дар Хатлон оид ба иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ барои соли 2025 машварат баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд
Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028» муаррифӣ гардид
Лоиҳаи Кодекси энергетикии Тоҷикистон таҳия мешавад
Масъалаи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо «Машриқ Бонк» муҳокима гардид
Ҷаласаи якуми Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир гардид
Дар Бонки миллӣ лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ муҳокима шуд
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ТУРСУНЗОДА-ШАҲР ДАР ҲОЛИ РУШД. Пешниҳоди сафардидаҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри саноатии Тоҷикистон
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Бонки Авруосиёии Рушд маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии Тоҷикистон зиёд мекунад