Ба сохтмончиёни НБО-и «Роғун» барои истироҳат дар осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ 300 роҳхат ҷудо карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» сафари корӣ анҷом дод. Зимни мулоқот бо сохтмончиён аз ҷониби Федератсия ва ташкилоти ҳамкори он ба кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои истироҳат дар осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ 300 роҳхат ҷудо карда шуд. Ҳамчунин ҳамасола фарзандони онҳо барои истироҳат дар лагерҳои беруназшаҳрӣ ҷалб мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Федератсия хабар медиҳад.
Дар оғози сафар масъулини мудирияти идоракунандаи неругоҳ бо меҳмонон мулоқоти корӣ анҷом дода, оид ба ҷараёни сохтмон, шароити кору истироҳати сохтмончиён, масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнат дар иншооти сохташаванда ва масъалаҳои шарикӣ бо ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касабаи НБО-и мазкур табодули афкор намуданд.
Меҳмонон аз қитъаҳои сохтмонӣ дидан ва бо сохтмончиёни ин иншооти аср суҳбат карданд.
Дар доираи сафари корӣ аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои сохтмончиёни ин боргоҳи нур дастархони идона ороста шуда, баҳри болидаруҳии онҳо ва бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир намоиш дода шуд.
Дар фарҷоми ҷамъомад як зумра кормандони фаъоли неругоҳ бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон








Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расидаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод






