Бо дастури Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон автобусҳои мусофирбар фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофикашонӣ фиристода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Корвони кумаки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 32 автобуси мусофиркаш аз шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб дастрас гардид.
Аз шумораи умумии нақлиёти мусофиркаш 6 автобус ба шаҳри Кӯлоб, 5 автобус ба шаҳри Хоруғ ва ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Рошқалъа 3-автобусӣ фиристода шуд.
Таҳкими заминаи техникию имконияти моддии муассисаҳои коммуналӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, инчунин муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинони ҷумҳурӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ба масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб, ронандагону кормандони корхонаҳои мусофиркашонӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати истифодаи мақсадноки автобусҳои мусофиркаш ва дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои техникӣ дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд.
Ғамхории навбатии Пешвои миллат дар татбиқи лоиҳаҳо ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру вилоятҳо ва «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» мусоидат намуда, дар беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилӣ ва наздишаҳрӣ, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ нақши муассир мегузорад.
Бо расидани 26 автобуси муосир ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сифати хизматрасонӣ дар хатсайрҳо байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маротиб боло рафта, сокинони деҳаҳои хурду дурдасти вилоят низ аз шароити муосир, замонавӣ ва саривақтии автобусҳо бархӯрдор мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи амалишавии «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта шуда, теъдоди зиёди муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбар, терминалҳои боркашонӣ, хатсайрҳои мусофирбар ва ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ фаъолияти босамар доранд.
Таъмини зиндагии босаодат ва рушди босуботи ҳамаи соҳаҳо, ки ба фароҳамсозии имкони созгор ҷиҳати будубош ва истироҳату фаъолияти сокинони мамлакат замина мегузорад, самараи истиқлоли комил, ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






