Бо дастури Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон автобусҳои мусофирбар фиристода шуд

Март 13, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 13.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофикашонӣ фиристода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Корвони кумаки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 32 автобуси мусофиркаш аз шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб дастрас гардид.

Аз шумораи умумии нақлиёти мусофиркаш 6 автобус ба шаҳри Кӯлоб, 5 автобус ба шаҳри Хоруғ ва ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Рошқалъа 3-автобусӣ фиристода шуд.

Таҳкими заминаи техникию имконияти моддии муассисаҳои коммуналӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, инчунин муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинони ҷумҳурӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ба масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб, ронандагону кормандони корхонаҳои мусофиркашонӣ  ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати истифодаи  мақсадноки автобусҳои мусофиркаш ва дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои техникӣ дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд.

Ғамхории навбатии Пешвои миллат дар татбиқи лоиҳаҳо ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру вилоятҳо ва «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» мусоидат намуда, дар беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилӣ ва наздишаҳрӣ, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ нақши муассир мегузорад.

Бо расидани 26 автобуси муосир ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сифати хизматрасонӣ дар хатсайрҳо байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маротиб боло рафта, сокинони деҳаҳои хурду дурдасти вилоят низ аз шароити муосир, замонавӣ ва саривақтии автобусҳо бархӯрдор мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи амалишавии «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025»  шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта шуда, теъдоди зиёди муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбар, терминалҳои боркашонӣ, хатсайрҳои мусофирбар ва ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ фаъолияти босамар доранд.

Таъмини зиндагии босаодат ва рушди босуботи ҳамаи соҳаҳо, ки  ба фароҳамсозии имкони созгор ҷиҳати будубош ва истироҳату фаъолияти сокинони мамлакат замина мегузорад, самараи истиқлоли комил, ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 13, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАТАНРО МИСЛИ СПИТАМЕН, ТЕМУРМАЛИКУ ВОСЕЪ БОЯД ДӮСТ ДОШТ. Ҷавонон бояд бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ раванд!
Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар форуми «Ҷомеаи солим» иштирок намуд
Дар Осиёи Марказӣ ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» таҳният мегўянд, — бардошт аз ҷашни наврўзӣ дар Бӯстон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Катерин Рассел мулоқот намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон дар меҳвари ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи об
Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 гектар замин обёрӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толору озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ба истифода дода шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Нақши Тоҷикистон дар баргузории Конфронси оби СММ-2023 — таассуроти роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ
ТАОМҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР БАДАХШОН. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус маълумот ҷамъоварӣ намуд