«ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ…». Маъюбону нафақахӯрон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Ҳисор боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 70 нафар маъюб ва шахсони бесаробоне, ки дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақагирон ва маъюбони шаҳри Душанбе таҳти парасторӣ қарор доранд, ба шаҳри Ҳисор рафта, дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор бо Қалъаи Ҳисор ва ёдгориҳои таърихии ҳудуди он шинос гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Маркази мазкур дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ҳамарӯза дар он барои наздик ба 100 нафар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта дар самтҳои маишӣ, тиббӣ, равонӣ, педагогӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.
Меҳмононро дар регистони Қалъаи Ҳисор намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳунармандони бахши фарҳанг бо садои карнаю сурнай пешвоз гирифта, масъулони мамнуъгоҳ бо ёдгориҳои таърихии он шинос намуданд.
Идомаи сафари меҳмонон дар маркази шаҳр ҷараён гирифта, роҳбарияти шаҳри Ҳисор дар ҳавлии меҳмонхонаи «Усто Набот» меҳмононро пазироӣ кард.
Меҳмонон изҳор доштанд, ки сафарашон ба шаҳри Ҳисор хотирмон ва фаромӯшношуданӣ аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






