Дар Душанбе масъалаи ҳамкории фарогир байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 март мулоқоти Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин баргузор гардид, ки зимни он масъалаи баргузории чорабинии илмӣ доир ба ҳамкории фарогир байни Тоҷикистон ва Чин мувофиқи мақсад шуморида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ хабар доданд.
Гуфта шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин тайи бештар аз 30 сол рушду такмил ёфта, равобити ду давлат дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамсоягии нек ва дӯстӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ расид.
Таъкид гардид, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Чин яке аз шарикони боэътимод ба ҳисоб меравад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи байналмилалӣ аз ташаббусҳои якдигар ҷонибдорӣ менамоянд. Албатта, Чин вазъи мураккаб, печида ва ноустуворро дар сатҳи ҷаҳон комилан дарк намуда, барои беҳтар гаштани вазъият ташаббусҳо нишон дода истодааст. Бидуни шак, ташаббусҳое, ки Чин амалӣ намуда истодааст, ба хотири суботи ҷаҳонӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.
Сафир Тзи Шумин ишора намуд, ки ҳамкории ду давлат дар тамоми соҳаҳо тақвият меёбад. Ҷониби Чин низ худро муаззаф медонад, ки барои рушди бештари робитаҳо роҳҳо ва воситаҳои нави ҳамкориро ҷустуҷӯ намуда, муносибатҳоро таҳким бахшад.
Дар мулоқот иброз гардид, ки имсол ба санаи баимзорасии «Изҳороти муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин» 30 сол пур мешавад. Он яке аз санадҳои муҳиме мебошад, ки самтҳои асосии равобити Тоҷикистон ва Чинро муайян намуда, дар таҳкими ҳамкории судманд байни ду давлат нақши бориз дорад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






