Дар ноҳияи Кӯшониён оид ба усулҳои мубориза бар зидди малах машварат доир гардид
КӮШОНИЁН, 16.03.2023 АМИТ «Ховар»/. 15 март дар деҳаи «Эргашобод»-и Ҷамоати деҳоти «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон «Оид ба ташкили усулҳои мубориза бар зидди малах» машварати вилоятӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иштирок намуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ додааст.
Дар қисми амалии машварат ба ҳозирин усули мубориза бар зидди малах бо тарзи механикӣ, агротехникӣ, химиявӣ ва биологӣ нишон дода шуд. Ҳамчунин масъулини экспедитсияи мубориза бар зидди малахи вилоят омода намудани маҳлул ва истифодаи дурусти заҳрхимикатҳоро фаҳмониданд.
Дар машварат ба иштирокдорон техникаву мошинолоте, ки бар зидди малах нигаронида шудааст, намоиш дода шуд.
Таъкид гардид, ки Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамасола яке аз аввалинҳо шуда, маҳсулоти кишоварзии барзгарони ин вилоят ба бозорҳои дохил ва беруни ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.


Муборизаи дастҷамъона бар зидди ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малахи марокашӣ дар афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии нобудшавии маҳсулот заминаи хуб мегузорад. Бо омадани Наврӯзи хуҷастапай корҳои саҳроӣ вусъати тоза пайдо карда, ташвишу тараддуди кишоварзон меафзояд.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар ҷамъбасти машварат вобаста ба соҳаи кишоварзӣ сухан гуфта, аз масъулини соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват ба амал овард, ки дар кишти пунбадона, интихоби тухмиҳои серҳосил ва ба минтақа киштбоб, обдиҳии захиравии маҳсулот, кишти ҷуворимакка, офтобпараст ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба қафомонӣ роҳ надиҳанд.
Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят рӯ ба афзоиш дошта бошад ҳам, ин талаботи Ҳукумати ҷумҳуриро қонеъ карда наметавонад. Болоравии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла картошка ва пиёз кишоварзонро водор месозад, ки ба кишту парвариши ин навъи маҳсулот диққати ҷиддӣ равона созанд.
Дар машварат роҳбарияти вилояти Хатлон доир ба вазъи кишту кори баҳорӣ, иҷрои дурнамои кишти картошка ва вусъати корҳои саҳроӣ маълумот дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






