ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРӢ АСТ! Барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 даъватшаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Дар ин хусус Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди ҳисобот дар Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15 марти соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, иттилоъ дод.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳамасола шаҳрвандон ду маротиба ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Қонуни мазкур синни даъвати шаҳрвандонро аз 18 то 27 сол муайян намуда, тартиби даъват мувофиқи меъёрҳои қонун дар мавсими тирамоҳ ва баҳор сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола аксар ҷавонони мамлакат бо ифтихор ва ҳувияти баланди миллӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои адои хизмати Модар-Ватан рафта, сарбаландона марзу буми Тоҷикистонро аз хатару таҳдид ҳимоя менамоянд. Дар баробари ин ҷавононе ёфт мешаванд, ки аз хизмат кардан дар сафи Артиш худдорӣ намуда, бо пеш овардани ҳар гуна баҳона аз хизмат саркашӣ мекунанд.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи махсусе барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ (м. 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) муқаррар карда шудааст, ки мувофиқи он барои саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин барои саркашӣ кардани шахси ухдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷишии ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Aммo, новобаста аз ин, баъзе шаҳрвандони синни даъватӣ аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намуда, пинҳон мешаванд ё бо ин мақсад ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.
Ҳамзамон ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки даъватшавандагон аз комиссияҳои тиббӣ ва даъватӣ гузаронида шуда, барои даъвати онҳо ба маҳалли хизмат ба онҳо даъватнома дода мешавад, аммо онҳо дар вақти муайяншуда ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашуда, аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд ва бо ин кирдорашон ҷиноят содир мекунанд. Дар ин ҷо як нуктаи муҳимро бояд таъкид кард, ки мувофиқи эзоҳи моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар даъватшаванда то ба суд супоридани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Бояд гуфт, ки имрӯз барои ҳар ҷавонмард хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат шараф аст. Аз ин рӯ, агар шаҳрванд аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифта бошад, ӯ вазифадор аст дар вақти муайяншуда ба он ҷо ҳозир шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид
Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон қариб 96 фоиз иҷро гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор ва Кӯшониён бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод ба истифода дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сатҳи дониш, касбият ва забондонии кормандон вобаста аст»
Дар шаҳри Ҳисор бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд






