ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Дар ҳолати табобати пурраи он шахс комилан шифо меёбад
ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агар хоҳед, ки шумо ва фарзандонатон ба ин бемории сил гирифтор нашавед, дар синни 3-7-рӯзагӣ эмкунии ҳатмии кӯдаконро бо ваксинаи БЦЖ ва дар 7-солагӣ бо ваксинаи дуюми он анҷом диҳед. Инчунин кӯдакони аз 15-сола боло ва калонсолон бояд ҳар сол шушашонро ташхис кунанд, хуб ва мунтазам ғизо бихӯранд. Дар рӯйхати хӯрокҳо ҳар рӯз бояд 100-150 грамм маҳсулоти аз сафеда бой бошад ва тарзи ҳаёти солимро пеш гирифта, кор ва истироҳатро дуруст танзим бояд намуд, аз тамокукашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ карда,бояд ба варзиш машғул шавед ва бештар дар фазои тоза сайру гашт кунед. Чунин тавсия медиҳад Директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Норов дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил.
«24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил дар саросари ҷаҳон таҷлил гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳамагирии ҷаҳонии сил ва талошҳо барои хотима додан ба ин беморӣ мебошад. Бемории сил сироятӣ буда, барангезандаи он чӯбчамикроби сил мебошад. Сил бемории табобатшаванда аст ва дар ҳолати табобати пурра шахс комилан шифо меёбад»,- илова кард номбурда.
Ба гуфти Рустам Норов, агар ягон узви оилаатон гирифтори бемории сил бошад, роҳҳои зиёде барои сироят кардан вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоси кӯдакони хурдсолро бо бемор истисно карда, кӯшиш кунед, ки беморро то ҳадди имкон ҷудо нигоҳ доред ва тамоми ашёи ӯ, кати хоб ва табақчаҳои ӯро бодиққат дезинфексия кунед.
«Бемории сил табобатшаванда аст, ба шарте, ки бемор табобати дурусту саривақтиро пурра бигирад (ин муддат на камтар аз 6-8 моҳро ташкил медиҳад). Мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад. Баъзеҳо аз шароити рӯзгори худ андешида, (яъне барои муолиҷа маблағи кофӣ надоранд), ба табибон муроҷиат наменамоянд. Вале онҳо бояд донанд, ки мувофиқи Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил табобат бо доруҳои зиддисилӣ ройгон гузаронида мешавад. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил- ин муроҷиати саривақтии беморони гирифтори сил ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва табобати саривақтии он мебошад»,- тазаккур дод ӯ.
Ҳамсуҳбати мо шарҳ дод, ки «аломатҳои ин беморӣ сулфаи зиёда аз ду ҳафта, камқувватӣ, бемадорӣ, харобшавӣ, баландшавии ҳарорат, арақкунии шабона, камшавии иштиҳо, хунтуфкунӣ ва баъзан вақт дарди қафаси сина мебошанд».
Ба гуфтаи мутахассисон, давоми як сол инсони гирифтори ин беморӣ метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд. Дар сурати дар худ ва ё наздикон пайдо шудани чунин нишонаҳо бояд ба табиби оилавӣ муроҷиат намуда, барои ташхиси микроскопӣ 3 маротиба балғам супорид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, дар давраи моҳҳои январ-декабри соли 2022 4418 бемори сил дарёфт ва ба табобат фаро гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (4304) 114 нафар зиёд мебошад.
Дар мамлакат барои пешгири аз ин беморӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дастгирии аҳолӣ имкон фароҳам оварда шудааст, ки вазъи эпидемиологии сил дар тамоми ҷумҳурӣ зери назорат гирифта шуда, тадбирҳои амалӣ баҳри аз байн бурдани он дар ҷомеа андешида шаванд.
Набояд фаромӯш кард, ки дар ҷумҳурӣ имконияти ташхиси саривақтии тамоми намудҳои сил (сили тамоми узвҳо ва тамоми намудҳои устуворият ба доруҳои зиддисилӣ) фароҳам буда, ташхисҳои микроскопию нурӣ ва молекулярӣ) дар сатҳи ноҳияҳо дастрасанд. Дар айни замон дар мамлакат «Барномаи нави миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021 – 2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 тасдиқ гардида, амалӣ гашта истодааст. Мақсади асосии он кам кардани таъсири манфии мушкилоти сил ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба воситаи таъмини дастрасии умумӣ ба ташхису табобати саривақтию босифати ҳама намудҳои бемории сил, аз ҷумла сили ниҳонӣ мебошад. Дар маҷмуъ, он сатҳи сироятёбӣ ва фавтро кам карда, ривоҷи устуворият ба доруҳоро пешгирӣ мекунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






