НАВРӮЗИ ТОҶИКИСТОН ҶАШНИ ШЕЪРУ СУРУД АСТ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии шеър

Март 21, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ин тасодуфи зеборо бинед, ки Рӯзи байналмилалии шеър, ки бо қарори ЮНЕСКО ҳамасола гузаронида мешавад, ба 21 март- оғози Ҷашни байналмилалии  Наврӯз рост меояд.  Ин рамзи зебо ва мантиқан дурусту бамаврид аст. Аввал ин ки Наврӯзи мо саросар намои шоиронаи ҳама суннату ойинҳои халқи суханпарвару соҳибфарҳанги мост, сипас, тоҷикон миллатеанд, ки “табиатан шоир” унвон гирифтаанд. Дар як рӯз бунёд ёфтани ин ду ҷашн мантиқан дурусту созгор аст, зеро Наврӯзи мо  воқеан худ ҷашни шеъру суруд аст. Чунин тавзеҳ додааст пайванди шеъру Наврӯзи хуҷастапайро Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

— Рӯзи байналмилалии шеър бори нахуст бо ташаббуси шоири америкоӣ Теса Уэбб ҳанӯз дар байни солҳои 30-юми асри 20 сурат гирифта буд. Пешниҳоди ӯ чунин буд, ки Рӯзи байналмилалии шеър 15 октябр, ба шарафи зодрӯзи шоир ва файласуфи машҳур Вергилий ҷашн гирифта шавад. Ин пешниҳод, ки дар дили бисёриҳо аксулсадои нек пайдо кард, 15 октябри соли 1951 амалӣ шуд. Рӯзи миллии шеърро  на танҳо дар 38 иёлати ШМА, балки дар кишварҳои Аврупо низ ид карданд. Аммо ин идҳо расмӣ набуданд ва дар тақвимҳо низ қайд нашуданд.

Бори аввал Рӯзи байналмилалии шеърро 21  марти соли 2000  дар Париж гузарониданд, зеро идораи созмони ЮНЕСКО маҳз дар он ҷо қарор дорад. Ҳадафи асосии Рӯзи байналмиллалии шеър, аввалан, таъкиди  нақши бузурги  назм дар рӯзгори фарҳангии ҷомеа ва сипас баҳамоварии шоирони тамоми дунё ва додани ҳуқуқу имконият барои ҷилову зуҳури шоирон буд. Сарфи назар аз он ки ин ид ҷавон аст, имрӯз онро дар ШМА, Аврупо, Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар  дар доираҳои васеъ мегузаронанд. Дар ин рӯз  одатан базмҳои назм ва мулоқот бо хонандагон ташкил карда  мешаванд, ки ба онҳо на танҳо шоирони номдор, балки ҷавонони эҷодкор низ даъват мешаванд. Ин тантанаро на фақат шоирону хонандагон, балки шуъбаҳои филологии муассисаҳои олӣ, бисёре аз мактабҳо, идораи рӯзномаву  маҷаллаҳо мегузаронанд.

Президенти Тоҷикистон: «Ман шоиронро дӯст медорам!»

Дар Тоҷикистони азизи мо ин рӯз дар доираи чорабиниҳои  Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида шуда, бо иштироки шоирони маъруфи мамлакат дар ин рӯз базмҳои шеъру суруд доир мегарданд. Хосса, бо ташаббуси Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки худ аслан ҷашни шеъру суруд аст, ҳамоиши шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар сатҳи баланд бо иштироки Президенти фарҳангдӯст ва шеърпарвари Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамон суханони машҳур ва самимонаи Президенти суханпарваромон: “Ман шоиронро дӯст медорам!” ҳамон вақт садо дода буд.

Воқеан, миллати мо миллати шеър аст. Зиндагии миллати моро имрӯз наметавон бе шеър тааввур кард.

Шеър чӣ зуҳуротест, ки зиндагии инсонро бе он наметавон тасаввур кард? Оё одаме ҳаст, ки эъҷози шеър ӯро боре тасхир накарда бошад? Кист, ки дар нури фурӯзони ин гулхан дасту дилашро гарм накардааст? Шеър дар ҳама давру замонҳо чароғи нурафшон дар дилу дар ниҳоди инсонҳост, ба дилу ҷони онҳо равшанӣ мебахшад ва роҳнамои онҳо дар ҷодаҳои зиндагӣ мешавад. Тамоми ангезаҳои руҳониии инсон: ишқ, меҳр, муҳаббат, орзуву армон, ҳасрату дард, нишоту ҳаяҷон, дарду ғусса…  маҳз дар шеър баёни равшану муассир ва дилангез доштаанд.

Шеър — шиори ғояҳои баланди инсон дар рӯзгор

Шеър раҳнамои инсонҳо дар роҳи расидан ба одоб, худшиносӣ, ватандӯстӣ, пайгирии  ҳадафҳо ва идеалҳои бузург, ваҳдату озодӣ, муборизаҳо гардидааст. Шеър шиори ғояҳои баланди инсон дар ҳамаи рӯзгорон будаасту ҳаст. Шеър оинаест, ки дар он тамоми ботини нонамои инсон, он чи бо чашм наметавон дид, ҷилвагар мешавад. Шеър  таҷассуми бардошти  эҳсосоти панҷ узви ҳиссии инсон аст.

Шеър метавонад чунон шуморо ба ҳаяҷон орад, ки гули ханда дар шохаи лабонатон бишукуфад, ё шабнами ашк дар нӯги мижгонатон бидурахшад, ё ба шумо ангезиш ва эҳсосоте диҳад, ки ба гуфтаи Ҳофизи бузург, дастфишон аз  сари ҷон бархезед…

Хулоса, шеър беҳтарин, баландтарин ва бузургтарин дастоварду дастовези инсоният дар тӯли ҳастии ӯст. Танҳо шеър қодир аст, ки вақт, замон, ҳастии гузаронро нигоҳ дорад ва ба он абадият бахшад, яъне шеър таҷассуми абадият аст ва ин баландтарин баҳост, ки метавон ба шеър дод.

Шеър чист ва кай пайдо шудааст?

Шеър кай пайдо шудааст ва аввалин шоир кӣ будааст? Ақидае ҳаст, ки нахустин ашъор дар рӯи Замин дар асри 23-и то солшумории мо ба вуҷуд омадаву ба қалами шоира-коҳин- Энҳуду-анна тааллуқ доштааст, ки дар борааш қариб маълумоте боқӣ намондааст.

Аммо, ба гумони банда, пайдоиши шеърро ба номи ин ё он шоири аввалин мансуб донистан хатост. Гумон мекунам, аввалин фарёди одам ҳангоми ба дунё омадан худ шеър аст. Шеъре, ки пур аз розу ниёзҳо, пур аз эҳсосот, пур аз асрор, пур аз гуфтаҳои ногуфтанист. Илова бар ин, вақте, ки бори аввал тифл мегӯяд: -модар! Ин вожа дар он ҳолат он қадар саршори эҳсосоти ногуфтанист, ки  шеър аст. Гумон мекунам, вақте инсон дар ғояти нишот ва ё ранҷу ҳасрату дард  ҳама арзу армонашро дар як нидои: Эй, Худо! –баён медорад, низ шеър аст. Зеро бори ҳазорон розу ниёзро бар дӯш дорад, тобиши ҳазорон дарду ҳасрату армонҳоест, ки ки дар ҳамин як вожа баён шудаанд. Дар вартаҳои умеду ноумедӣ, дар ғояти хастагиву дарду нишот як оҳ-и  инсон, ки аз қаъри дил ба забон меояд ва ҳазорон ногуфтаро мегӯяд, шеър аст. Як нидои исми ёр дар лаби ошиқи  ғарқаи амвоҷи дарёи муҳаббат, сарфи назар аз он ки чӣ исмест, он қадар дурахши ишқу ҷилои меҳр дорад, ки бе гумон шеър аст.

Вақте ки эҳсосоти баланди инсонӣ тор-тори вуҷуди инсонро менавозад, шеър садо медиҳад. Ҳар вожае, ки инсон бо меҳр, бо самимият, бо муҳаббату дарду армони бузург ба забон меорад ва аз ҷисмаш, чунонки аз қӯраи оташини оҳангарон берун меорад ва инсон дар он вожа медурашад, ҷило медиҳад, хулоса мешавад, шеър аст.

Вақте ки Офтоб дар як вожа дурахшон мешавад, вақте ки гул дар як вожа шукуфон мешавад, мешавад шеър, зеро шеър ҷилои муҳаббати худодод аст.

Вақте ки чашмаҳо бо ҳама зулолӣ дар вожаҳо меҷӯшанду ҷорӣ мешаванд, вақте ки вожаҳо болу пар мекушоянд ва чун мурғакон ба парвоз меоянд, мешавад шеър, зеро шеър покии рӯҳи инсон ва зулолии виҷдон аст.

Шеър акси офтобест дар як шабнами пок, гулханест фурӯзон дар гулвораи як вожа, ки метавон аз он рӯшан шуд ва метавон дар он дасту дили худро гарм кард.

Шеър оинаест, ки дар он ҳама зебоиҳои инсон, табиат, коинот таҷассуми шоирона ёфтааст. Оинае, ки аз тамоми гӯшаҳои дунё инсонҳо метавонанд ба он нигаранд, акси худ, акси дигаронро бубинанд. Як шеър метавонад миллионҳо одамонро ба ҳам бупайвандад, мисли шеъри Саъдии бузургвор, ки гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд…

Мисли рубоиёти Умари Хайём, ки дар сухани як нафар армони башарият баён ёфтааст,  мисли “Маснавӣ”-и Мавлонои оламшумул, ки башариятро дар рӯбарӯи фалсафаи ҳастии ӯ мегузорад:

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,
Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.

Шеър эъҷозест, ки шуморо дар танҳоии худатон бо миллионҳо нафар пайванд медиҳад ва шуморо устувор нигоҳ медорад. Танҳо шеър ба ин эъҷоз қодир аст, ки дар сари як эҳсос, як андеша ваҳдати инсониятро ба вуҷуд орад.

Шеър ҳунарест, ки дар худ ҳама ҳунарҳои дигарро ҷило медиҳад. Омезиши санъату ҳунарҳои тасвирӣ, мусиқӣ, кандакориву пайкаратарошӣ… дар як ҳунар шеър аст.

Бояд ҳамеша бо шеър буд

Роҳе, ки аз ҳама роҳҳо ва аз бероҳиҳо ба сӯи абадият, ба сӯи бениҳоят мебарад, ҳамин роҳи осмонии шеър аст.

На ҳар ки шеъргунае гуфтааст, шоир аст. Чунон ки устод Лоиқ зебову равон  нигоштааст:

Ошиқ  набувад, ҳар он ки марҷон дорад,
Шоир набувад, ҳар он ки девон дорад…

Бигзор шумо шоир набошед, аммо бо шеър бошед. Шеър гулхане дар ниҳоди шумост, ки вуҷуди шуморо гарму равшан мекунад, чашмаест саршор дар ниҳоди шумо, ки ба ботини шумо таровату покӣ мебахшад, чароғест фурӯзон дар чашму дили шумо, ки роҳи зиндагиву рӯзгоратонро мунаввар месозад. Аз ин рӯ бояд бо шеър буд.

Як рубоии устод Рӯдакӣ, ки ҳазору анд сол пеш гуфта шудааст:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ,

агар бо шумост, агар дар дилу дар лаби шумост, як умр шуморо дар ҷодаҳои неки инсонӣ раҳнамоӣ хоҳад кард, ба шумо ҳамарӯза тавону бовар хоҳад бахшид ва ҳаргиз кӯҳнаву дилбазан нахоҳад шуд. Ин аст эъҷози шеъри асил.

Дар мақому манзалати шеър гузаштагони бузурги мо на кам сухан кардаанд ва овардани танҳо суханони Низомии Ганҷавӣ кофист, ки манзалати шеър ва шоирро дарк кунем:

Шеър туро садрнишинӣ диҳад,
Салтанати мулки маонӣ диҳад.

Миллати мо миллати шеър аст, миллати бадоҳатан шоир аст. Ва дар зиндагии тоҷиконаи мо, дар забони модарии мо аз як модари бехоб дар сари гоҳвора то як даҳмарда дар сари гулхани шаби канори кӯҳ, то як барзгар дар рӯи кафи саҳрои кишт, то як нафар бонуи зардӯз дар нимаи шабҳо, то ҳар нафари дигар шоиранд ва дар гуфтори ҳамарӯзаи худ сухан бо шеър мегӯянд, ноогоҳона шоирона ҳарф мезананд. Одитарин гуфтори халқи мо пуропур аз шеър аст. Далел? Ҳар қадаре мехоҳед. Ҳар ибораву ҳар вожеро, ки ба хотир оваред. Марҳамат, вожаҳо: сапедадам, дилафрӯз, андӯҳзо, шакарханд, нилуфар, гулрӯ, нӯшофарин, рӯҳафзо, диловар…. ва ҳазорони дигар. Ибораҳо: истиқболи гарм, табассуми ширин, сухани талх, қафаси сина, чархи замон, захми чашм, рехтани оби рӯ, суханро пеши по задан, абрҳои хашмгин, бори андӯҳ, алови чашм, дили шаб, чашми рӯз… низ ҳазорон ҳазор ибораҳои дар истеъмолбуда, ки ҳамеша ба забон меорем. Ҳамаи ин вожаҳову ибораҳо шеъри ноби халқанд, зеро бадеият доранд, зеро саршори санъатҳои шеъриянд. Масалан, вожаи сапедадам, ба ҷойи саҳар. Сапедадам, тасвири шоиронаи саҳар аст, ки дамидани сапедаро, ки ҳам  истиора асту ҳам тасвири саҳар, пеши назар ҷилвагар месозад. Метавон бад-ин тариқ идома дод ва шеърияти ҳама вожаву ибораҳои овардашударо нишон ва шарҳ дод.

Ва забони модарии мо дар ҳама дунё забони шеър эътироф шудаву бузургтарин шоиронро ба арсаи вуҷуд овардааст.

Бале, 21 март- оғози соли нави ҷамшедӣ, оғози баҳори фаррухпай, оғози Наврӯзи дилафрӯз Рӯзи байналмилалии шеър аст. Аммо барои миллати мо, барои тоҷикон ҳар рӯз  рӯзи шеър аст, зеро ин миллати соҳибтамаддун ва фарҳангпеша бо шеър нафас мекашад, бо шеър зиндагӣ мекунад ва худро дар ҳамин оинаи адабу фазилат мебинаду меорояд. Аз ин рӯ симои шоирона дорад, аз ин рӯ ҳам ботинану ҳам зоҳиран тозарӯву зебост.

АКС аз бойгонӣ

Март 21, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд