ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби занонаи то 20-солаи Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи интихобӣ ба Таиланд сафар намуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 март дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои иштирок дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» ба шаҳри Бурирами Таиланд сафар кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) 21 бозингар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил шудаанд.
Дастаи мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои Тайбейи Чин (8 март), Таиланд (10 март) ва Узбекистон (12 март) бозӣ мекунад.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои бонувони ҷавон (U-20)
Даври якум. Гурӯҳи «Е»
Даври 1
8 март (чоршанбе)
Тайбейи Чин – ТОҶИКИСТОН
Таиланд – Узбекистон
Даври 2
10 март (ҷумъа)
ТОҶИКИСТОН – Таиланд
Узбекистон – Тайбейи Чин
Даври 3
12 март (якшанбе)
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон
Таиланд – Тайбейи Чин
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






