«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Ғолибони Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 март дар муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор карда шуд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 130 варзишгар аз 26 давлати дунё иштирок намуда, маҳорат ва малакаи варзишии хешро нишон доданд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии гӯштингирии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Душанбе сухан гуфта, ба тамоми меҳмонону иштирокдорон барои сабқат барору пирӯзӣ орзу намуданд.
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе:
Вазни 65 кг
Муллораҷаб Халифаев
Нико Тчикаидзе
Хурсандқул Куганов
Баҳром Суфиев
Вазни 71 кг
Наврӯзи Каримзод
Абдуллои Ориф
Муҳаммадраҳим Сарахонов
Муҳиддин Асадуллоев
Вазни 78 кг
Аслонбек Тоҷиев дар вазни 78 кг дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” барандаи медали тилло гардид.
Вазни 86 кг
Масъуд Қавибозу- барандаи медали тилло
Вазни ҷамъи 86 кг
Муҳаммадкарим Хурамов- барандаи медали тилло
Бояд гуфт, ки ғолибони Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Ба ғолиби ҷои аввал 10 ҳазор доллари ШМА, ҷои дуюм 7- ҳазор доллари ШМА ва ба ду ҷои сеюм 3 ҳазор доллари ШМА мукофотпулӣ дода шуд.
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шарикони рушд иштирок намуданд
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Турсунзода бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Наврӯз бо риояи суннатҳои миллӣ баргузор шуд






