Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Катерин Рассел мулоқот намуданд

Март 25, 2023 03:00

ДУШАНБЕ, 25.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид хонум Катерин Рассел мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид давоми 30 соли шарикӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат ва фарогир, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдакро яке аз самтҳои муҳими робитаҳои муштараки босамар арзёбӣ намуданд.

Мудирияти захираҳои об ва ҳамзамон татбиқи Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мутобиқат мекунад, аз ҷанбаҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирӣ дар давраи пандемияи COVID-19 ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва наврасонро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ медонад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила, ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон ва нисбати ноболиғон содиршуда, ҳифзи ҳуқуқи кудакони осебпазир ва маъюбро баррасӣ карданд.

Март 25, 2023 03:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд