«РАДИОЭЛЕКТРОНИКА, ЭЛЕКТРОТЕХНИКА ВА ЭНЕРГЕТИКА». Дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Радиоэлектроника, электротехника ва энергетика» — таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Конференсияи XXIX байналмилалии илмию техникии донишҷӯёну аспирантон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайнӣ) баргузор гардид. Дар он донишҷӯёну аспирантон ва докторантони 22 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмӣ иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Конференсия бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм баргузор гардида, дар он намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Миср, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд
Ҳамоиши мазкур ҷиҳати амалӣ гардонидани «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи энергетикии Москваи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузории конференсияи мазкур рушди фаъолияти эҷодии донишҷӯён, аспирантҳо ва олимони ҷавон, ҷалб намудани онҳо ба ҳалли проблемаҳои таъхирнопазири соҳаи энергетика, нигоҳ доштан ва инкишоф додани фазои ягонаи илмиву таълимӣ, ба роҳ мондани робитаҳо байни ҳамдигар буда, дар он масъалаҳои асосии саноати энергетикии Осиёи Миёна баррасӣ гардид.
Дар конфренсия иштирокчиён бо мушкилоти муосири радиоэлектроника, электротехника ва энергетика, ҳисоботу баррасиҳои олимони пешқадам ва навгониҳои охирини илму техника шинос гардиданд.
Дар анҷоми конференсия ба иштирокчиён диплом ва сертификатҳо супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли чорум аст Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи энергетикии Москва конференсияи байналмилалии илмию техникии донишҷӯёну аспирантонро таҳти унвони «Радиоэлектроника, электротехника ва энергетика» дар ҳамкорӣ баргузор менамоянд.
АКС: Маркази марбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






