Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ва корҳои сохтмонӣ дар иншооти нав ба вилояти Хатлон сафар намуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нави обёрӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва корҳои сохтмонӣ дар иншооти нав Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сафари кории Сарвазири мамлакат нахуст аз ноҳияи Панҷ оғоз гардид.
Кишоварзони ноҳияи Панҷ бо иқлими нисбатан гарм ва ҳарчи бештар дар истеҳсолот ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишту парвариши зироат яке аз аввалинҳо шуда, бозори истеъмолиро бо маводи мавриди ниёзи аввал таъмин мекунанд.
Сарвазири Тоҷикистон дар доираи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини дахлдорро ба омодагии комили пойгоҳҳои обкашӣ ва сари вақт обёрӣ намудани зироат ҷалб кард.
Иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи обкашии Файзободқалъа-1 аз 6 агрегати обкаш иборат мебошад. Иншооти обрасони заминҳои корами ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун, дар маҷмуъ зиёда аз 3400 гектар заминро бо оби полезӣ таъмин менамояд. Бо ҷалби сармоя навсозии 4 агрегат, 2 муҳаррик ва 950 метр қубурҳои обкаш ба беҳтаршавии хизматрасонӣ дар ин самт мусоидат намуд. Аллакай 5 агрегат ба мавсими нави обёрӣ омода мебошад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо назардошти дигаргуншавии иқлим, кам шудани имконияти табиӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар сайёра ва бештар гардидани талабот ба маводи ғизоӣ дар олам хоҷагидоронро ба ҳарчи бештар ҷорӣ намудани усулҳои нави кишту парвариши зироат, аз як қитъа ба даст овардани чанд ҳосил ва таъмини амнияти ғизоӣ вазифадор намуд.
Имсол кишоварзони ноҳияи Панҷ тибқи дурнамо дар майдони 6 700 гектар чигит кишт менамоянд. Ҳоло дар хоҷагиҳои ноҳия ин раванд ҷараён дорад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғара ба таҷрибаи кишту парвариши зироат ва ҷорӣ намудани технологияи муосири кишти пахта баҳои баланд дода, ба таври васеъ ҷорӣ намудани усулҳои муосирро барои равнақи дучанди соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ кард.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Данғара кишти пахта зери плёнка оғоз гардид. Ҳамасола бо ҷорӣ намудани усулҳои нави кишту парвариши зироат кишоварзони ноҳияи Данғара нишондиҳандаҳои истеҳсолиро баланд мекунанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи иҷрои супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳадафро ба истифодаи пурраи имконияти табиӣ, таъмини истифодаи самараноки замин ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона намудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳияи Данғара имсол дар майдони қариб 5 ҳазор гектар чигит кишт менамоянд.


Ҷалби сармоя, ворид намудани технологияи муосир ва то сатҳи ниҳоӣ коркард кардани ашёи хом дар доираи яке аз ҳадафхои асосии Ҳукумати мамлакат аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ гузаштан муҳиму саривактӣ дониста мешавад.
Ҳамчунин дар доираи сафар ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид.

Ҳоло дар ноҳия 8 мавзеи хавфнок мавҷуд буда, бо дарозии 3 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шудааст. Сарвазири мамлакат иттилоъ дод, ки масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда мешавад ва сохторҳои дахлдорро барои иҷрои корҳои сохтмонӣ вазифадор намуд.
Хотиррасон мешавем, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо истифода аз рӯзҳои мусоиди фасли баҳор корҳои саҳроӣ идома дошта, хоҷагидорон мақсад гузоштаанд, ки бо риояи агротехникаи кишту парвариши зироат дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши сазовор дошта бошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид






