ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 март, чоршанбе, 81-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 22, 2023 08:00

22 марти соли 2014 дар маркази шаҳраки Данғара бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк маросими супоридани санад оид ба тасвиб гардидани Созишномаи Париж роҷеъ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид.

 22 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии захираҳои об.

***

Рӯзи байналмилалии таксирон.

 

РӮЙДОДҲО: 

22 марти соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар деҳаи Бофандаи Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳия  Кўшониён Маҷмааи «СИМО» иборат аз маркази саломатӣ, маркази савдо, толори варзишӣ, толори баргузории ҷашну маросим ва дорухона ба истифода дода шуд.

***

22 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии  Наврӯз, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдумалик Баҳорӣ — соли 1927 — нависанда, шоир ва драматурги тоҷик

***

Мунира Шаҳидӣ — соли 1943 — олими шарқшинос, санъатшинос, тарҷумон, номзади илмҳои филологӣ

Март 22, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш