ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 март, ҷумъа, 83-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 24, 2023 08:00

24 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мулоқоту дидор бо намояндагону фаъолон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ошноӣ бо вазъи рӯзгори мардум, рафти корҳои саҳроӣ, ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. 

***

24 марти соли 2016  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара» ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд.

 24 МАРТ:

Дар Тоҷикистон Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ

***

 Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил.

 РӮЙДОДҲО: 

Дар ин рўзи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон», ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшиданд.

***

24 марти соли 2009 дар шаҳри Тошканд давраи 7-уми Мусобиқаи 3-юми байналмилалии шоҳмот барои хотираи Георгий Агзамов баргузор гардид. Дар давраи 7-ум шоҳмотбози беҳтарини тоҷик Фаррух Амонатов бо 5,5 хол ҷойи  2-юмро ба даст овард.

***

Дар ин рўзи соли 2021   дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2021» баргузор гардид.  Дар он 70 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор ва Ховалинг  пойга намуд.

***

24 марти соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зертобеи СММ,  вазъи минтақа ва дигар мушкилоти мавҷуда баррасӣ гардиданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷӯрахон Искандаров соли 1915- сароянда, Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон

Март 24, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш