ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 март, чоршанбе, 88-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 29, 2023 08:00

29 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳидро «Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола», ки барои пешсафӣ ва ташаббускорӣ дар идораи захираҳои обию энергетикӣ ва дастовардҳои намоён дар татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола таъйин гардидааст, тақдим гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шуд.

29 МАРТ:

Дар Мадагаскар – Рӯзи хотираи қаҳрамонон.

 

РӮЙДОДҲО:

29 марти соли 2022 дар Алмаато музокироти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд.

*** 

29 марти соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Мамнуъгоҳи миллии таърихию бадеии Гобустон фестивали «Оши палов» бахшида ба Иди Наврӯз баргузор карда шуд.  

***

29 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов мулоқот намуданд.

*** 

29 марти соли 2020 Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштинро дар ноҳияи Темурмалик ба даст оварданд

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи атмосфера»-ро баррасӣ намуд.

***

29 марти соли 2011 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон маросими ба истифода додани  навбати 1-уми Лоиҳаи беҳгардонии обтаъминкунӣ баргузор гардид.

***

29 марти соли 1929 Иттифоқи «Тоҷикматлубот» таъсис дода шуд.

***

29 марти соли 1936 Иттифоқи меъморони Тоҷикистон созмон дода шуд.

Март 29, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш