«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН». Фестивал насли наврасро ба мутолиаи китоб ҷалб менамояд
ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маросими ифтитоҳи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз ёфт, ки то 9 апрел идома меёбад.
Фестивали имсола ба ифтихори 145-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ баргузор гардида истодааст.
Ҳадаф аз баргузор намудани фестивал- ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Фестивал тӯли як ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор шуда, дар доираи он озмуни «Беҳтарин иншо дар мавзӯи «Тоҷикистон -ватани Наврӯз аст», беҳтарин қироати шеър, достон, қасида, ғазал таҳти унвони «Ҷавҳари ҳастӣ сухан аст», озмуни «Хонандаи фаъолтарин», озмуни «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», озмуни «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд» ва маҳфилҳои эҷодии адибони бачагона сурат гирифта, дар охир ғолибону иштирокдорони фаъол бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.
Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи яке аз ҷавонтарин эҷодкор, узви Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, муаллифи китоби «4+4», яъне чор афсона ва чор ҳикоя Бежан Ризоев маълумот ҷамъ намуд.
Бежан Ризоев 12-сола буда, дар синфи 6-и Литсей барои хонандагони болаёқати №2-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Ба иттилои модараш Мадина Ҳамроева, писараш Бежан азбаски дар хурдсолӣ бисёр китоб мехонд, аз ҳамин сабаб дар дилаш завқи навиштан низ бедор шуд ва ба эҷоди ҳикояву афсона оғоз кард. Аввалин маротиба дар синни 7 ӯ ҳикоя навиштааст. Устоди аввалинаш адиби шинохта Латофат Кенҷаева мебошад ва ба ӯ дар ҷодаи эҷод кумак расонидааст. Дар ин роҳи интихобнамудаи Бежан заҳмати модараш низ зиёд аст, зеро тарбияи фарзанд аз оила сарчашма мегирад ва ӯ фарзандашро дар ҷодаи эҷод пайваста дастгирӣ менамояд. Китоби афсонаҳои Бежан Ризоев бо ду забон -тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расидааст.
Чанде қабл, 15 декабри соли 2022 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2022» ҷамъбаст гардид, ки дар бахши асарҳои назми бачагона китоби «4+4»-и Бежан Ризоев ғолиб дониста шуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Тазаккур бояд дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуну маҳфилҳои ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, ки мақсад аз он дарёфти чунин истеъдодҳои ҷавон мебошад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд






