Қариб 500 хонандаи мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаҳои Сарвари давлат гардид

Апрель 20, 2023 18:05

БОХТАР, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Наздик ба 500 тарбиятгирандаи  мактаб — интернати ноҳияи Қубодиён  туҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  гирифтанд.  Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Туҳфаҳо аз либоси мактабӣ, лавозимоти варзишӣ ва ғизо иборат буд.

Туҳфаҳоро ба тарбиятгирандагон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии тақдим намуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз барои кӯдакон дастархони идона ороста, барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.

Бояд иброз намуд, ки мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта ба истифода дода шуд. Имрӯз дар он беш аз 490 кӯдак тарбия меёбад, ки 6 нафараш ятими кулл, 25 нафар нимятим, боқимонда — фарзандони оилаҳои камбизоат мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

Апрель 20, 2023 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад