«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Бахшида ба 10-солагии таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиш оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии таъсиси Донишкада таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» намоиши асарҳои эҷодии донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои амалкунанда баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишкадаи мазкур хабар медиҳад.
Дар намоиш як қисми захираи фонди методӣ, ки давоми 10 соли фаъолият ҷамъоварӣ шуда буд, ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон, арбобони санъат ва дигар намояндагони самти санъати тасвирӣ ва дизайни ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Намоиш то 1 май идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфтааст.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






