БА ХОТИРИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МАРДУМ. Ба Бадахшон дастгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии мардум ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ба маблағи 497 ҳазор доллари ИМА дастрас гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Роҳбарияти вилоят зимни қабули дастгоҳи мазкур таъкид доштанд, ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, зери таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дастрас гардидани дастгоҳи сайёри санитарию эпидемологӣ ба вилоят шаҳодат аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони вилоят мебошад.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки минбаъд бо ин таҷҳизоти муосири тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро дар минтақаҳои дурдасти вилоят боз ҳам баланд бардошта, дар ҳифзи сиҳатии ҷомеа саҳм гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






