БА ИСРОФКОРӢ РОҲ НАДИҲЕМ! Оростани дастархони пурдабдаба харҷи барзиёд дар пай дорад

Апрель 19, 2023 15:57

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 8 июни соли 2007 қабул гардидааст, 16 сол сипарӣ мешавад. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Ба андешаи сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан ҳам қонуни демократӣ аст. «Агар матни онро бодиққат мутолиа намоед, ба хубӣ хоҳед дид, ки ибораҳои «ба таври ихтиёрӣ», «метавонад», «манъ намекунад», «ҳуқуқ дорад» вомехӯранд, ки гувоҳи дар доираи қонун озодона амал кардани соҳиби маърака мебошад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар баргузор кардани расму оинҳо озод аст. Ва метавонад маъракаҳои зодрӯз, тӯйи домодию арӯсӣ барпо кунад ё накунад, яъне соҳибихтиёр аст»,-изҳор медорад коршинос.

Яъне, қонуни номбурда касеро барои барпо намудани маъракаҳои анъанавӣ маҷбур намесозад. Он дар гузаронидани маъракаҳо, расму оинҳо вижагиҳо дорад. Барои мисол, зодрӯз (моддаи 8 ) ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила баргузор карда мешавад. Зери мафҳуми «оила» хешу табори наздик, ки ҳам аз назари хунӣ ва ҳам аз назари иҷтимоӣ қаробат доранд, фаҳмида мешавад. Оилаи хурд метавонад хешу табори наздикро даъват намояд. Ба қатори хешовандони наздик ба ғайр аз бародарон ва хоҳарони волидони тифл, фарзандони болиғи онҳо, писари амак, амма ё писари хола ва ё тағои онҳо низ дохил мешавад. Дар рӯзи таваллуди шахс ба табрики ӯ омадани хешу табори наздик ба талаботи қонун муқобил нест.

Коршиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳанӯз соли 1999 Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими расму оинҳо интишор шуд, ки он вақт қариб 80 фоизи сокинони мамлакат камбизоат буд. «Фарҳанги динии мардум дар дараҷаи паст қарор дошт ва онҳо урфу одатҳои хурофотиро ҳамчун урфу одатҳои динӣ қабул намуда, байни ҳам дар барпо намудани маъракаҳои серхароҷот мусобиқа мекарданд, ки ин ҳолат боиси афзудани сафи камбизоатҳо гардид. Маблағҳои зиёд  сарфи маъракаҳои хурофотии сермасраф мегардид. Ҳамон вақт Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки «маъракаороии мардум аз доираи меъёрҳои одоб ва ахлоқи Ислом торафт дур рафта, имрӯз дар роҳи баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, бахусус оилаҳои камбизоат, ки беш аз нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, монеаҳои ҷиддӣ эҷод карда истодааст». Аз ин бармеояд, ки ҷомеаи Тоҷикистон он солҳо ҳақиқатан гирифтори «беморӣ»-и урфу одатҳои сермасрафи хурофотӣ гардида буд ва ба таҳаввулоти фикриву иқтисодӣ, мафкуравию иҷтимоӣ ниёз дошт»,-баён дошт ӯ.

Бо гузашти қариб 16 сол то ҳанӯз ҳам баъзе аз ҳамватанони мо ҳангоми оростани дастархон ҳангоми иду ҷашнҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, ки ин амали онҳо ҳам аз нигоҳи динӣ ва ҳам аз дунявӣ дуруст нест. Бояд таъкид кард, ки мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии худ машҳур аст, аммо бо вуҷуди ин дар рӯзи иду ҷашн набояд дар оростани дастархони пурдабдаба ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳем ва аслан дар ҳама иду ҷашнҳо ҳар яки мо бояд хони маънавӣ ороем ва гирди ин хон суҳбатҳои илмию адабӣ анҷом диҳем. Ба тақлидкорию маъракаороии серхарҷу бемаврид роҳ надиҳем,  то буҷаи хонаводаро ба боди фано барем.

Ҳамин аст, ки ин хислати бархеҳоро савдогарон аз бар намуда, яқин медонанд, ки ҳар қадар нархи молу маҳсулоташонро боло бардоранд, дар иду ҷашнҳо сокинон ҳатман онро хоҳанд харид.

Аз ин рӯ мардум бояд  хусусан дар иду ҷашн ва  маросим аз хариди барзиёди маҳсулот, ки аксаран зудвайроншавандаю ба саломатӣ зарарноканд,   худдорӣ карда, талаботи қонунгузории мамлакатро ҳатман риоя намоянд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Дар мавриди исрофкорӣ Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суҳбат ба АМИТ «Ховар» баён дошт, ки зиёдаравӣ ҳатто  ба ҳадде мерасад, ки тоҷирони беинсоф дар айёми иду ҷашн нархи маҳсулотро дучанд мебардоранд. «Ба таври сунъӣ боло бурдани нархҳо аз назари дини ислом ҳаром шуморида мешавад. Зеро он ба табақаҳои мухталифи ҷомеа душворӣ оварда, мусибатҳои зиёд дар пай дорад. Ҳол он ки анборҳо пур аз маҳсулот аст ва  норасоии маҳсулот мавҷуд  нест. Соҳибкорон набояд бо истифода аз фурсати   фарорасии ҳама гуна ҷашну ид барои баланд бардоштани нархи ҳама намуди маҳсулот иқдом гиранд, зеро ин амали онҳо ҳаром шуморида мешавад»,-иброз дошт мавсуф.

Ҳоло дар асри XXI замоне фаро расидааст, ки ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо дар масъалаи беинсофона пур кардани дастурхон бо анвои хӯрдании зиёд, ки дар он барои афтодани сӯзан ҷое набошад, бояд бозандешӣ кунем. Бояд дарк намоем, ки пешниҳоди маводи хӯроквории фаровон болои дастархон ҷуз бефарҳангӣ ва аз роҳи исрофкорӣ ба буҷаи хонаводаи худ зиён овардан чизи дигаре нест.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тӯли қариб  16 соли амали худ дар ҳаёти мардуми мамлакат таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоии куллӣ ба вуҷуд овардааст. Ва набояд фаромӯш сохт, ки ҳар қонуне, ки ба тасвиб мерасад, ба беҳбудӣ ва рушди иҷтимоии давлат равона мегардад. Аз рӯи меъёрҳои қонун амал кардан ҳангоми иду ҷашнҳо ҳам бар фоидаи хонавода ва ҳам давлат аст. Зеро маҳз бо татбиқи амали санҷидашуда метавон роҳи дурусти зиндагиро пеш бурд ва бар нафъи худу ҷомеа кор кард. Чун зиндагии ободу осуда мехоҳем, пас, биёед исрофкор набошем!

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз 

Апрель 19, 2023 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАТАН-ШУКУҲАТ ПОБАРҶО». Дар Тоҷикистон озмуни қироати шеър ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд