Ба сокинони аз заминларза осебдидаи Кӯҳистони Мастчоҳ масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд

Апрель 3, 2023 19:06

ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба оилаҳои  аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кумаки навбатӣ дар намуди масолеҳи сохтмонӣ расонида шуд. Кумаки расида  аз 21 метри мукааб чӯбу тахта ва 300 шифер иборат буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад. 

30 март кумакҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон  низ  ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас гардид.

Кумакҳо аз масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 60 метри мукааб чӯбу тахта иборат буда, аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба сокинони аз зилзила зарардида супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 марти соли 2023 дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази ҷунбиши қишри замин дар километри 132-юми қисми шимолу шарқи шаҳри Душанбе, километри 50-уми қисми шимолу ғарби минтақаи Рашт ва километри  96-уми шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар умқи 11 километр ҷойгир буд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ/шаҳри Бӯстон

Апрель 3, 2023 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад