Ба тарбиятгирандагони Интернати наздимактабии №24 деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшон туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 44 тарбиятгирандаи Интернати наздимактабии №24-и деҳаи дурдасти Сипонҷи Ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон, иборат аз либоси ягонаи мактабӣ ва варзишӣ тақдим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як тарбиятгиранда тақдим намуданд. Дар ин рӯз дастархони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ низ манзури хонандагон гардид.
Дастгирию расонидани кумак ба ниёзмандон, сила намудани сари ятимон, шод намудани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону шахсони ниёзманд яке аз хислатҳои ҳамидаи мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллат сарчашма мегирад.
Бояд гуфт, ки давоми 31 соли соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон шоистаи таҳсину офарин арзёбӣ гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму бомаърифат гардидани ин табақаи ҷомеа тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Зимни тақдими туҳфаҳо таъкид карда шуд, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат дастирии ниёзмандон ва парастории маъюбону оилаҳои ниёзманд мавқеи муҳим дошта, ҳамасола садҳо ҳазор тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳо аз кумакҳои Сарвари давлат бархурдор мегарданд.
Таъкид карда шуд, ки дар марҳилаи имрӯза 44 тарбиятгиранда, ки аз онҳо 21 нафар писар ва 23 нафар духтар мебошад, аз чунин ғамхорӣ баҳравар шуд.
Омӯзгорони Мактаб-интернати №24 деҳаи Сипонҷи Ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои падарона дар ҳаққи ятимон миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки Сарвари давлат ҳамеша табиятгирандагонро дастгирӣ намуда, дар ҳар иду ҷашн бо туҳфаҳои арзишманди худ хотири онҳоро шод мегардонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?






