Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан кумакҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сиёсати ғамхоронаю инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан 106 наврас ба тарбияву таълим фаро гирифта шудааст. Ба тарбиятгирандагони ин мактаб- интернат низ кумак ва туҳфаҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд, ки онҳоро ниҳоят хурсанд гардонид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар баробари дастрас гардидани кумак ва туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан, дар Маркази фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Истаравшан барои онҳо дастархони идона ороста шуд.
Туҳфа ва кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз сару либос, пойафзол ва маҷмуи ашёи хонишро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ба ҳар наврас тақдим намуда, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ёдовар шуданд. Тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхору парастори хешро мебинанд, ки барои буду бош, таълиму тарбия ва таъминоти моддии онҳо тамоми шароиту имконоти заруриро фароҳам овардаанд.
Зимни супоридани туҳфаҳои Сарвари давлат ба омӯзгорону тарбиятгирандагон таъкид карда шуд, ки ғамхорию дастгирии ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар ҳама иду ҷашнҳо аз ҷониби Сарвари давлат дар баробари туҳфа ва кумакҳо нисбат ба ҳар як тарбиятгирандаи муассисаҳои иҷтимоию таълимӣ таваҷҷуҳу ғамхории рӯзафзун зоҳир карда шуда, барои зери таваҷҷуҳи доимӣ ба камол расондани онҳо ва соҳибилму соҳибмаърифат гардиданашон тадбирҳои судман андешида мешавад.
Дар Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан 106 тарбиятгиранда, ки аз онҳо 39 нафар духтарон мебошанд, ба таълиму тарбия ва ғамхории доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар бинои асосии мактаб-интернат синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, омӯзиши технологияи иттилоотӣ ва маҳфилҳои рӯзгордорию ҳунаромӯзӣ амал мекунанд ва ба хонандагон 31 омӯзгору мураббия таълим медиҳад.
Дар назди муассиса ошхона, ҳаммом, хобгоҳ барои буду боши доимӣ, хонаҳои истироҳатӣ амал мекунанд, ки ин шароит маҳз барои дар сатҳи хуб таълиму тарбия гирифтан ва истироҳату фароғат намудан ташкил ёфтааст.
Дар айни ҳол аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои сохтмони таҳкурсии бинои нави муассиса 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Аз рӯӣ лоиҳа бинои бунёдшаванда аз 2 ошёна иборат буда, дорои 22 ҳуҷраи таълимӣ, истироҳатӣ, ҳунаромӯзӣ барои тарбиятгирандагон ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон мебошад. Бунёди бинои нав ва дар оянда мавриди истифода қарор додани он бо шароити беҳтари таълиму тарбия ва истиқомат туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳқими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад






