БОРИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон амалиёти бурриши меъда бо муваффақият гузаронида шуд

Апрель 29, 2023 09:37

ДУШАНБЕ, 29.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел табибони тоҷик бори аввал дар «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон дар се гирифтори бемории фарбеҳӣ амали буриши меъдаро анҷом доданд. Ҷарроҳӣ бомуваффақият гузаронида шуда,  дар шабонарӯзҳои пас аз ҷарроҳӣ ҳолати беморон нисбатан қаноатбахш буда,  дар  бистар ва ҳуҷра фаъол мебошанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкур ба таври лапораскопӣ, бе буриши калони шиками бемор гузаронида шуд, ки ин дар соҳаи ҷарроҳии мамлакат дастовард ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон ва Туркия чанде қабл се табиби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» дар Беморхонаи Мемориали шаҳри Истанбули Туркия дар самти ҷарроҳии бариатрикӣ аз курси бозомӯзӣ гузаштанд.

27 апрел пас аз дастрас намудани таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ табибони Тоҷикистон ва Туркия дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дар се нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ амали буриши меъдаро бомуваффақият гузарониданд.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир масъалаи зиёд шудани фарбеҳӣ дар байни аҳолӣ мутахассисони соҳаи тибро ба ташвиш овардааст. Ҳоло пешгирии фарбеҳӣ масъалаи афзалиятноки соҳаи тандурустии аксари кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 тасдиқ шудааст, ҳамчун масъалаи афзалиятноки байнисоҳавӣ муайян гардидааст.

Фарбеҳӣ ва маҷмуи оризаҳои он аз охири асри 20 ва аввалҳои асри 21 инҷониб масъалаи ҳалталаби байнисоҳавии аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, Созмони умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) онро бемории ҷаҳонӣ эълон намудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» қабул шудааст, ки тамоми табақаҳои аҳолиро фаро мегирад. Барномаи мазкур бемории фарбеҳиро пешгирӣ намуда, ба солимгардонии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Табибони муассиса дар оянда нақша доранд, ки гузаронидани чунин навъи амалиётро дар беморон васеъ ба роҳ монанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 29, 2023 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад